Пайвандҳои дастрасӣ

Чин мегӯяд, "дасти Аврупоро хоҳад гирифт"


Вен Ҷибао, нахуствазири Чин имрӯз гуфт, кишвараш омодаи кӯмак ба Аврупо аст ва дар сурати зарурат метавонад қарзҳои давлатии баъзе аз кишварҳои гирифтори бӯҳрон дар ҳавзаи пули воҳиди евро кӯмак кунад. Вен Ҷибао, зимни нишасти матбуотии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, бар ҳимояти Чин аз евро таъкид кард ва гуфт, кишвараш ба ин пули 17 кишвари Аврупо эътимод дорад. Дар ҳошияи сафари Вен Ҷибао ба Берлин, Олмону Чин бо арзиши 15 миллиард евро қарордод имзо карданд. Чин аз ҷумла аз ширкати Эйрбаси Аврупо 62 ҳавопаймои А320 бо арзиши 7 миллиард евро хоҳад харид. Чину Олмон аз ҷумла иқтисодҳои қавитарини ҷаҳон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG