Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Абдулқодири Фитрат, раиси Бонки марказии Афғонистон ғайричашмдошт аз Афғонистон фирор кард ва дар Амрико аз истеъфои худ хабар дод.

Вай дар як мусоҳиба бо радиои Озодӣ дар бораи сабаби фирори худ гуфт, маълумоти дақиқ ба даст овардааст, ки дар Афғонистон ба ҷони вай хатар таҳдид мекунад. Вай мегӯяд, дар робита бо моҷароҳои "Кобулбонк" - бонки тиҷоратии қарзадиҳандаи Афғонистон борҳо ба додситониву додгоҳ муроҷеа кардааст, ки ба ин бонк расидагӣ сурат бигирад, вале натиҷа ҳосил нашудааст.

Ин бонк гӯё ба муштариён, аз ҷумла ба ононе, ки дорои робитаи хуб бо дафтари раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд, қарзҳои бузург додааст. Ба гуфтаи Абдулқодир Фитрат, Бонки Марказӣ ба раҳбарии вай дар "Кобулбонк" тафтиш анҷом додааст ва дар бораи натиҷаҳои тафтиш дар порламони Афғонистон низ гузориш додааст ва баъд аз ин баъзе аз намояндагони порламони Афғонистон аз ояндаи амнияти вай изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ваҳид Умар, сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки Фитрат барои он аз кишвар фирор кардааст, ки номи вай дар феҳристи мақомоте дохил шудааст, ки дар робита бо ин моҷарои молӣ ба додгоҳ кашонда мешаванд.

Ба суоли радиои Озодӣ дар бораи он, ки чаро ҳоло ин фурсатро барои истеъфо интихоб кардааст, Фитрат чунин гуфт: “Сабабе, ки ман ҳоло дар бораи истеъфо тасмим гирифтаам, ин аст, ки ман хеле талош доштам, кореро анҷом диҳам, ки бояд анҷом медодам. Вале муттаассифона нашуд. Яке аз ин корҳо ин буд, ки бояд афродеро, ки дар бӯҳрони Кобулбонк даст доранд, ба додситонӣ мекашондем. Ҳам ман, ҳам Сандуқи Байналмиллалии Пул ва ҳам Бонки Ҷаҳонӣ якҷо бо маҳофили байналмиллалӣ пофишорӣ мекардем, ки ин афрод ошкор ва ба таври шаффоф муҳокима шаванд, то ба дигар нақзкунандагони қонун дар оянда сабақ шавад. Вале муттаасссифона аз ҷониби ҳукумат ҳеҷ вокуниш надидем”.

Суол: Вале ин сабаби фирори шумо аз кишвар нест?

Ваҳид Умар, сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон

Ҷавоб: “Ман ҳамин ҳафтаҳои гузашта дар порламони Афғонистон суханронӣ кардам ва он аз тариқи телевизион пахш шуд. 27 ё 28 апрел буд. Ҳаёти ман комилан зери хатар рафт. Ахиран маълумот гирифтам, ки ба ҷони ман суиқасд омода мешавад. Барои ҳамин ман дар Афғонистон истеъфо надодам, омадам ба Амрико ва чанд соат қабл истеъфоямро эълон кардам. Ман мехоҳам, ки дар оянда ба фаъолияти Бонки Марказӣ мудохила накунанд, мустақил бошад, дуруст фаъолият кунад, тибқи қонунҳои Афғонистон”.

Суол: Шумо изҳороти сухангӯи Карзайро дар бораи худатон шунидед. Вай мегӯяд, ин истеъфо нест, ин хиёнат ба мардуми Афғонистон аст. Посухи шумо ба ин гуфтаҳо чист?

Ҷавоб:
“Онҳо ҳамчунин иддао мекунанд, ки номи ман дар феҳристи афроди ҷавобгараст. Шумо метавонед аз Сандуқи Байналмиллалии Пул, аз Бонки Ҷаҳонӣ ва аз мафҳофили байналмиллалӣ, аз кормандони Бонки Марказии Афғонистон бипурсед. Ҳеҷ нақшае дар бораи ба додситонӣ кашондани касе набуд. Мо пофишорӣ мекардем, пайдарҳам дархост мефиристодем, то ононе ба муҷозот кашонда шаванд, ки дар фаъолиятҳои авомфиребонаи Кобулбонк даст доранд ва иҷро нашудани қарордодҳои онҳо сабаби барбод рафтани даҳҳо миллион доллар саҳмияҳои мардумӣ шудааст. Ҳукумат намехоҳад касе аз онҳоро муҷозот кунад. Акнун чӣ тавр аст, ки номи ман ногаҳон дар садри феҳристи гунаҳгорон пайдо шудааст. Ин гуна феҳрист вуҷуд надошт. Шумо метавонед аз намояндагони ҷомеаи байналмиллалӣ дар Кобул пурсед. То дирӯз феҳристи ҷинояткорон вуҷуд надошт”.

Суол: Ба ибораи дигар шумо на танҳо ба мавҷудияти чунин феҳрист бовар надоред, балки сабаби аслии истеъфои шумо ин аст, ки касеро ба таври ҷиддӣ натавонистед ба муҷозот кашонед?

Ҷавоб: “Дақиқан. Ин на танҳо хости ман буд, балки хости тамоми маҳофили байналмиллалист, то одамонеро ба муҷозот кашонанд, ба шумули одмани қудратманд. Дар давоми даҳ моҳ дархости мо ба ҷое нарасид. Ҳамааш бидуни ҷавоб монд. Мо аз додситонии кулл ва аз додгоҳ кӯмаке дарёфт накардем. Мо ҳатто тақозо кардем, ки хуруҷи онҳоро мамнуъ эълон кунанд. Ман ноумед шудам ва ин тасмимро гирифтам, чунки дар он ҷо вазъ умедбахш нест”.

Суол: Шумо фикр мекунед, ки ҳукумати Карзай бо аносири ҷинояткоре ҳамроҳ аст, ки дар робита бо моҷарои Кобулбонк сазовори ба муҷозот кашондан мебошанд?

Ҷавоб: “Бале, ман аз касе ном намебарам, вале мегӯям, ки тамоми дафтари идорӣ, мақомоти баландпояи сисёсии Афғонистон ба таври ҷиддӣ намехоҳанд касеро ба муҷозот кашанд. Онҳо мехоҳанд маро ва муфаттишони ҳақҷӯи Бонки Марказиро ба муҷозот кашонанд. Онҳо мехоҳанд мушовирони байналмиллалии моро, ки моро омӯзиш додаанд, ба муҷозот кашонанд. Онҳо намехоҳанд ононеро, ки бо асноди дуруғин даҳҳо миллион долларро хориҷ аз муқарррароти мавҷуда гирифтаанд, ба муҷозот кашонанд. Ҳамаи он чиро, ки ман мехоҳам шаффофият, масъулиятшиносӣ ва ҷавобгарист ва ин чиз ҳоло вуҷуд надорад ва муттаассифона дар шароити кунунии Афғонистон имконпазир нест”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG