Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳурот дар Юнони гирифтори "бало"


Коргарон дар саросари Юнон ба коршикании 48-соата шурӯъ карданд ва дар замоне, ки вакилони мардумӣ ба қабули барномаи нави коҳиши хароҷоти давлатӣ ва имтиёзҳои иҷтимоӣ омодагӣ мегиранд. Ҳудуди 20 ҳазор нафар имрӯз дар назди бинои порлумон ду тазоҳуроти алоҳида баргузор карданд.Ҳафт ҳазор нафари дигар низ дар шаҳри Тсалоникӣ дуввумин шаҳри бузурги Юнон раҳпаймоӣ карданд. Коршиканӣ бо ташаббуси ду иттиҳодияи бузурги коргарӣ баргузор мешавад. Порлумони Юнон бояд, барномаи коҳиши 28 миллиардеврои хароҷоти давлатӣ ва хусусигардониро қабул кунад ва танҳо дар ин сурат 12 миллиард евро кӯмаки молиро аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул дарёфт хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG