Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушаки нав озмоиш кард ва гуфт...


Яке аз фармондеҳони Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон имрӯз гуфт, мушакҳои кишвараш қодир ба ҳадаф гирифтани пойгоҳҳои Амрико дар Халиҷи Форс ва тамоми қаламрави Исроил аст. Алӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи бахши нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони инқилоб, дар ин бора дар рӯзи дуввуми размоишҳои даҳрӯза сухан гуфт. Дар размоиши “Паёмабари аъзам 6” аз ҷумла мушаки балластикии “Шиҳоб-3”-ро озмоиш карданд, қодир ба парвоз дар масофаи то 2000 километр аст. Алӣ Ҳоҷизода гуфт, имрӯз 14 мушак аз ҷумла, мушаки навсозишудаи Шиҳоб-3 партоб карда шуд.
XS
SM
MD
LG