Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гузоришгари СММ-ро ба кишвар роҳ намедиҳад


Вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз гуфт, гузоришгари вижаи Созмони Милал барои ҳуқуқи инсон дар Эронро ба кишвар роҳ нахоҳад дод. Аҳмад Шоҳид, вазири собиқи умури хориҷаи Малдивро чанде пеш ба ин мақом таъйин карданд ва давлати Теҳрон мегӯяд, ин “иқдоми сиёсӣ” аст, ки таҳти фишори Амрико гирифта шудааст. Созмони Милал дар гузашта чунин гузоришгарҳоро умдатан барои кишварҳое ба мисли Куриёи Шимолӣ, Мянмар ва Сомалӣ таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG