Пайвандҳои дастрасӣ

Русия мегӯяд, интиқоли барқ ба Белорусро қатъ мекунад


Давлати Русия таҳдид кард, агар Ҷумҳурии Белорус, ҳаққи нерӯи барқашро напардозад, шаби имрӯз онро аз нерӯи барқи содиротӣ маҳрум хоҳад кард. Ширкати давлатии Интер РАО гуфт, интиқоли нерӯи барқро аз соати 12 шаб ба вақти Минск қатъ мекунад. Аввали ҳамин моҳ Русия бо коҳиш додани интиқоли нерӯи барқ, аз давлати Белорус хост, 21 миллион доллар пули нерӯи барқро бипардозад. Ҷумҳурии Белорус, ки дучори мушкилоти молӣ шудааст, мегӯяд, пули кофии русӣ барои пардохти ҳаққи нерӯи барқ надорад.
XS
SM
MD
LG