Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯчаҳои нав ба номи Медведев ва Путин


Дар Осетияи Ҷанубӣ ду кӯчаро ба номи Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳур ва Владимир Путин, нахуствазири Русия, гузоштаанд. Ба гузориши бахши гурҷии Радиои Озодӣ, хиёбонҳои мазкур дар як маҳаллаи навбунёди пойтахти Осетияи Ҷанубӣ воқеъ шудаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарони рус, Эдуард Кокойтӣ, раиси ҷумҳури Осетияи Ҷанубӣ, мехоҳад, аз ин роҳ садоқати худро ба ҳукумати Русия нишон диҳад, ки соли 2008 барои ин қаламрави ҷудоихоҳ бо Гурҷистон ҷангид ва сипас онро бо унвони кишвари мустақил ба расмият шинохт.
XS
SM
MD
LG