Пайвандҳои дастрасӣ

Cе бозии даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар ду бозӣ мизбонон ва дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.
Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Маҳмадалӣ Содиқов дар нимаи аввали дидор (дар дақиқаи 11-ум) ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт. Ҳарсе гол дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Денис Сенчук, легионери “Хуҷанд”, дар дақиқаи 74-ум ҳисобро боз кард. Баъди 10 дақиқа Баҳодур Муродов ҳисобро афзун намуд. Голи севумро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90-ум зад.

Воқеъан, пеш аз ин бозӣ сармураббии “Шодмон” Рустам Қурбонов ва ёвари ӯ Ҳикмат Фузайлов барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз вазифаашон сабукдӯш шуда буданд. Дар бозӣ бо “Хуҷанд” иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Шодмон” Фаррух Севинов буд.
Бозии севуми даври 19-ум, ки бегоҳи 27-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Гвардия”-и Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:0 хотима ёфт. Фаррух Чориев ду гол, Баҳодур Шарифов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов якголӣ заданд.

Ёдовар мешавем, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 19-уми сабқати Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат - “Равшан”-и Кӯлоб ва ССКА “Помир”-и Душанбе - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа аз 26-уми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шуд.
Ғалабаи 12-ум ба “Истиқлол” имкон дод, ки бо 37 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал барояд. «Равшан» бо 35 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Регар-ТадАЗ» бо 30 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад.
Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 11 гол дар ҷойи аввал мебошад. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 10-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

"Истиқлол"

14

12

1

1

31-7

37

2.

"Равшан"

16

11

2

3

31-11

35

3.

"Регар-ТадАЗ"

15

9

3

3

31-14

30

4.

"Хайр"

15

9

2

4

27-15

29

5.

"Энергетик"

17

8

2

7

24-23

26

6.

"Хуҷанд"

16

6

4

6

19-21

22

7.

"Вахш"

16

6

1

9

17-19

19

8.

ССКА “Помир”

16

6

1

9

24-29

19

9.

арвоз"

17

5

2

10

18-35

17

10.

Шодмон”

17

4

2

11

19-33

14

11.

вардия"

17

1

2

14

13-47

5



Даври 20-ум
30 июн (панҷшанбе)

«Энергетик» - «Шодмон»
«Хуҷанд» - ССКА «Помир»
1 июл (ҷумъа)
«Регар-ТадАЗ» - «Истиқлол»
«Парвоз» - «Хайр»
«Гвардия» - «Вахш»
Бозиҳо соати 17.30 шурӯъ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG