Пайвандҳои дастрасӣ

Дар саросари Тоҷикистон мусобиқоти мухталифи варзишӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдат баргузор шуданд.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар ноҳияи Рашт тӯли ду ҳафта идома идома кард, бо пирӯзии дастаи “РайПО” (Ҷамъияти матлуботи ноҳия) ба анҷом расид.

Ба иттилои масъулини клуби футболи “Истиқлол” дар ин мусобиқа, ки дар варзишгоҳи маркази ноҳияи Рашт баргузор шуд, 26 даста ширкат дошт. Дар бозии ниҳоӣ дастаи “РайПО” бар дастаи “Қалъанак” бо ҳисоби 7:2 ғолиб шуд ва барандаи Ҷом гардид. Барои ҷойи севум дастаи “Навобод” бар дастаи “Қазноқ” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.

Ҷому мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои таъсисдодаи клуби футболи “Истиқлол”-ро ба ғолибону бозигарони беҳтарини мусобиқа Юсуф Рабиев, капитани даста, Нуриддин Давронов ва Александр Кудряшов дар вазъияти ботантана супурданд.

ВКД – барандаи “Ҷоми шаҳрдорӣ”

Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ байни кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти “Ҷоми шаҳрдорӣ”, ки дар шаҳри Душанбе тӯли чор рӯз идома кард, бо ғалабаи дастаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон поён ёфт.

Ба иттилои Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, дастаи ВКД дар бозии ниҳоӣ бар тими Бонки миллӣ дар замони изофӣ бо ҳисоби 4:3 ғолиб омад. Дастаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ки бар тими Вазорати молия бо ҳисоби 5:2 ғалаба кард, мақоми севумро касб намуд.

Пойгаи велосипедронӣ

27-уми июн дар шаҳри Душанбе пойгаи велосипедронӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор шуд.

Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба радоио Озодӣ хабар дод, ки дар ин пойга ҳаводорони зиёди велосипедронӣ ширкат карданд.

Пойга аз майдони “Дӯстӣ”-и пойтахти кишвар шурӯъ шуд ва бо хатсайри махсус доир гашт ва дар варзишгоҳи “Спитамен” (собиқ “Спартак”) поён ёфт. Ғолибон бо тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG