Пайвандҳои дастрасӣ

Кристин Лагард шояд имрӯз садри IMF интихоб шавад


Агустин Карстенс ва Кристин Лагард

Агустин Карстенс ва Кристин Лагард

Кристин Лагард, вазири молияи Фаронса, шояд имрӯз раҳбари нави Сандуқи байнулмилалии пул (IMF) интихоб шавад.

Рӯзи душанбе аз номзадии хонум Лагард Чин ҳам пуштибонӣ кард. Аз ӯ ҳамчунин ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ кардаанд, аз ин рӯ шонсҳои вазири молияи Фаронса барои соҳиби курсии Сандуқи байнулмилалии пул шудан хело баланд арзёбӣ мешаванд.

Ҳарифи Кристин Лагард раиси Бонки марказии Мексика Агустин Карстенс мебошад. Аз ин пеш гурӯҳи кишварҳои дар ҳоли рушд аз он изҳори норозигӣ карда буданд, тайи 65 соли арзи вуҷуд кардани Сандуқи байнулмилалии пул раҳбари он фақат аз қораи Аврупо таъин мешавад.

Раиси пешини Сандуқи байнулмилалии пул Доминик Стросс-Кан баъд аз иттиҳоми таҷовуз ба номуси як ходимаи меҳмонсаро дар Ню-Йорк аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG