Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои Тоҷикистон тафсон хоҳад буд


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки нимаи аввали рӯз осмони шаҳри Душанбе софу беғубор хоҳад буд, баъд аз зӯҳр шояд борон борад, аз 25 то 31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои соф дар назар аст, ҳарорати ҳаво аз 28 то 34 дараҷаи болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳам ҳаво офтобӣ мешавад ва ҳарорати ҳаво то 36 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.

Дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон, борон меборад, аз 21 то 29 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳавои софу беғубор дар назар аст ва аз 28 то 34 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG