Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз вазъи қочоқи инсон дар ҷаҳон


ИМА Белорус ва Эстонияро ба феҳристи кишварҳое ворид кард, ки барои мубориза бо қочоқи инсон аз чораҳои кофӣ кор намегиранд.

Дар гузориши вазорати умури хориҷии Амрико оид ба вазъи қочоқи инсон дар соли 2010 гуфта шудааст, ки Русия 18 сол боз ба феҳристи ин гуна мамолик шомил аст.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, зимни муаррифи ин гузориш дар Вошингтон аз афзоиши қочоқи инсон изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол 27 миллион мардону занон ва кудакон дар вазъи тақрибан ғуломӣ қарор доранд.

Дар ин гузориш ҳамчунин далелҳои фурӯши занону кӯдакон ба ғуломии ҷинсӣ дар Олмон, Лаҳистон. Ҷумҳурии Чех, Туркия, Исроил, Лубнон, Миср ва Аморати муттаҳидаи араб оварда шудааст.
XS
SM
MD
LG