Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Покистон яке аз раҳбарони Толибон кушта шуд.

Ба иттилоъи хадамоти кашфи кишвар, раҳбари гурӯҳи «Ҷунбиши толибони Покистон» Шокируллоҳ Шокир рӯзи душанбе дар вилояти Вазиристони шимолӣ ҳадафи тир қарор гирифт.

Аз як мошини раҳгузар сӯи Шокир дар ҳоле оташ кушоданд, ки ӯ савори мотосикл буд. Раҳбари «Ҷунбиши толибони Покистон» дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.

Ҳанӯз маълум нест, ки куштор аз сӯи яке аз гурӯҳҳои рақиби толибон ва ё аз сӯи хадамоти кашфи Покистон содир шудааст.
XS
SM
MD
LG