Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи Абиейро нерӯҳои посдори сулҳ назорат мекунанд


Шӯрои амнияти СММ имрӯз дар бораи интиқоли чаҳор ҳазор низомиёни нерӯҳои посдори сулҳ аз Ҳабашистон ба минтақаи Абией, минтақаи баҳснок миёни Судон ва Судони ҷанубӣ, тасмим гирифт.

Ин нерӯҳо ба риояи ҳуқуқи башар ва раванди хуруҷи низомиёни Судон аз Абией назорат мекунанд.

21 май Судон ин минтақаро забт кард, дар натиҷа беш аз сад ҳазор нафар ба Судони ҷанубӣ фирор карданд.

Задухӯрдҳои ҷудогона дар аёлати Кордофани шимол ҳам рӯх медиҳанд.

Истиқлоли Судони ҷанубӣ расман 9 июл эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG