Пайвандҳои дастрасӣ

Аз шурӯъи амалиёт дар Либия сад рӯз сипарӣ шуд


Аз шурӯъи амалиёти байнулмилалӣ дар Либия, ки бар пояи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ оид ба дифоъ аз мардуми осоишта аз режими Муаммар Қаззофӣ сурат мегирад, сад рӯз сипарӣ шуд.

Ошӯбгарони Шӯрои миллии интиқолии Либия аз тасмими Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Гаага барои судури дастури боздошти Қаззофӣ истиқбол карданд.

Раҳбари Либия дар ҷиноёт алайҳи башарият зимни саркӯбсозии ҳамоишҳои осоиштаи эътирозии шаҳрвандон айбдор мешавад.

Муовини Дабири кулли СММ оид ба маосили сиёсӣ Линн Паско дар бораи авзоъи феълӣ дар Либия гуфт, ки "ҳарчанд ҷузъиёти амалиёти заминӣ барои мо пурра рушан нест, маълум аст, ки ошӯбгарон ибтикорро ба даст гирифтаанд. Онҳо ба ҳамлаи на он қадар босуръат гузаштаанд ва ҳавопаймоҳои НАТО ба онҳо кӯмак мекунад".

Дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Либия ҳазорон нафар кушта шудаанд, садҳо ҳазор каси дигар кишварро тарк намуданд.
XS
SM
MD
LG