Пайвандҳои дастрасӣ

Аз интихоби Роза Отунбоева, нахустин зан дар баландтарин мақоми давлатҳои пасошӯравӣ, як сол сипарӣ шуд.

Як сол пеш шаҳрвандони Қирғизистон, дар пасманзари нооромиву хунрезиҳои қавмӣ зимоми давлатро ба Отунбоева супурданд. Интихоби ӯ ба ин мақом олуда ба камбиниву нобоварӣ буд. Аммо дар ҳолате, ки Қирғизистон қарор дорад, бештар аз он чизе ки Отунбоева кард, интизор шудан одилона намебуд.
Соли гузашта мо, яъне ҳукумати муваққат, хеле талош кардем, аммо натавонистем аз ваҳшатҳои 10-11 моҳи июн пешгирӣ кунем...


То расидан ба мақоми раисҷумҳур Роза Отунбоева дар аҳди ду президенти ахири кишвар, Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев, ба сифати вазири умури хориҷӣ ва сафири Қирғизистон дар Иёлоти Муттаҳида ва Британия фаъолият карда буд. Аммо дар ҳар ду ҳукумат низ аз баҳри вазифа гузашт ва бо мухолифон пайваст.

Интихоби Отунбоева ба мақоми раисҷумҳури Қирғизистон, дар як кишваре, ки бо вуҷуди озодиҳои фарогир боз ҳам ҷомеаи мардсолор аст, на танҳо барои ҳамсояҳо, балки барои қирғизҳо низ ғайриодӣ буд. Ин аст, ки интиқодгарон ҳар қадами ӯро бо бо заррабин чен мекарданд ва ҳар изҳороташро дар тарозуи танқид бармекашиданд. Аз раёсати ӯ танҳо як сол сипарӣ шудааст, аммо дастовардҳои ӯ ҳамеша зери суол бурда ва бохтҳояш иғроқ мешаванд.

СИТОИШҲО ВА ТАНҚИДҲО

Роза Отунбоеваи демократ аз раҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бо чанд сифат фарқ мекунад.


Отунбоева худнамоӣ намекунад ва бо ин интиқоди рақибонашро ба бор овардааст, ки мегӯянд, раиси ҷумҳур зиёд ба чашм намоён ва нирӯманд нест, ки бояд бошад. Ӯ зоҳиран, аз қавмпарастӣ ва фасодкорӣ орӣ аст, аз иллате, ки қариб ҳамаи раҳбарони минтақа ба он гирифтор шудаанд. Ӯ хотири ҳифзи пули давлат, бо ҳавопаймоҳои маъмулӣ ба хориҷа сафар мекунад. Ӯ дар баробари забонҳои русиву қирғизӣ бо забони англисӣ озод сӯҳбат мекунад ва зимни суханронӣ дар ҷаласаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба тарҷумон ниёз надорад.

Ба фарқ аз раҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Отунбоева роҳ ба сӯи қудратро аз тариқи кор дар заводу фабрикаҳо ҳамвор накардааст. Ӯ дар оилаи нухбагони Қирғизистони Шӯравӣ ба дунё омадааст. Падари Отунбоева узви Додгоҳи Олӣ буд ва ӯ дар шароити нисбатан роҳат бузург шудааст.

Отунбоева дар соли 2010, дар авҷи қиёми мардумӣ дар Қирғизистон, ки президенти собиқ Қурмонбек Боқиевро сарнагун кард, қудратро ба аст овард. Дар ин ҳодиса 80 нафар кушта ва наздик ба ҳазор тани дигар захмӣ шуд. Ин дуруст ҳамон марҳилае буд, ки бояд нафаре ба кишвар сарварӣ мекард ва ҳақиқат дар бораи

таҳаввулоти Қирғизистон ва иқдомоти минбаъдаи ҳукуматро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мегуфт.

Интихоби Отунбоева ба маснади раёсати ҷумҳур аз бисёр ҷиҳат эътирофи муборизаҳои ӯ ва мавқеи шаҳрвандии ӯ дар баробари ҳукуматҳои қаблӣ буд. Ҳамчунин таҷрибаи дипломатии ӯ дар ҳар ду ҳукумат низ дар ин интихоб муассир будааст.

Президенти собиқи Қирғизистон, Аскар Акаев, ки як вақтҳо аз Отунбоевва ҳамчун сиёсатмадор ва дипломати боҳунар ном мебурд, чанде пеш ӯро “муҳаррик инқилобҳои 2005 ва 2010” унвон кард.

САХТИҲО ВА НОКОМИҲО

Бузургтарин мушкиле, ки Отунбоева баъди расидан ба қудрат дошт, таҳкими суботу оромӣ дар кишвар ва ҷилавгирӣ аз суқути иқтисод буд. Отунбоева дар ҳоле даст ба ҳалли ин масоил зад, ки рӯёрӯиҳо барои ишғоли мақомҳои давлатӣ дар авҷ буд ва ҳар гурӯҳе мехост, намояндаи ҳизби худро дар ин ё он мақоми калидӣ бубинад.


Ин ҳарҷу марҷ якҷо бо муборизаҳои ошкори сулолаи Боқиев бо режими нав ҷараён гирифт ва тавтеъа пушти тавтеъа анҷом мешуд, то пояи ҳукумат бештар ларзон шавад. Моҳи июни соли 2010 дар пасманзари задухӯрдҳои қудраталабона низои қавмии байни ӯзбактаборон ва қирғизҳо дар ҷануб шурӯъ шуд. Дар панҷ рӯз бештар аз 400 нафар, асосан ӯзбактаборон кушта шуданд ва ба иқтисоди кишвар зарбаи шадид ворид гашт.

Ҳукумати Отунбоева дар ҳарду ҳолат, ҳам пешгирӣ аз вуқӯъ ва ҳам анҷоми сареъи низоъ ноком шуд. Ин нокомӣ дар гузоришҳои пажӯҳишгарони ҳаводиси Ошу Ҷалолобод сабт шудааст.

Худи Отунбоева дар ин робита мегӯяд,
“Соли гузашта мо, яъне ҳукумати муваққат, хеле талош кардем, аммо натавонистем аз ваҳшатҳои 10-11 моҳи июн пешгирӣ кунем. Мо хеле заъиф будем. Мардуми азиз, моро бубахшед!”

Таъмини амнияту адолат дар нисбати қурбониҳои ҳаводиси ҷануб аз мушкилтарин вазифаҳое буд, ки ҳукумати муваққат дар пешорӯ дошт.

ЛАҲЗАҲОИ ДИГАРИ ЗАЪФ

Ҳукумати Отунбоева барои бархӯрди дугона ба парвандаҳои низои ҷануби кишвар борҳо интиқод шудааст. Нозирон мегӯянд, ки ки дар ин парвандаҳо бештар ӯзбактаборон муҷозот шудаанд. Аммо Отунбоева гуфт мунаққидон бояд то анҷоми пажӯҳиши ҳамаи парвандаҳо сабур бошанд.

Мелис Мирзоаҳмадов, мири шаҳри ҷангзадаи Ӯш чанде пеш дар як сӯҳбати матбуотӣ ҳушдор

дод, ки агар Отунбоева ва ҳукумати ӯ ба зудӣ истеъфо надиҳанд, ҳодисаҳо дубора такрор хоҳанд шуд.

Отунбоева борҳо барои аз мақом сабукдӯш кардани ин шаҳрдори саркаш, ки гуфта мешавад, ба оташи низоъҳо рӯған рехтааст, талош кард, аммо баъд аз тазоҳуроти ҷонибдорони Мирзоаҳмадов аз нияташ даст кашид.

Вақте Мелис Мирзоаҳмадов дар иҳотаи ҷонибдорони худ сарбаландона ба бинои шаҳрдорӣ баргашт, ҳама инро заъфи Отунбоева унвон карданд.

ҲИЗБИЯТИ РОҲБАР

Агар холисона бигӯем, Отунбоева ҳеҷ гоҳ раҳбари аввали ҳизби сиёсии Қирғизистон набуд.

Ӯ баъди истеъфо аз мақоми дипломатӣ дар соли 2004 ҳамраиси ҷумбиши “Ота Ҷурт” ва дар соли 2006 ҳамраиси ҳизби “Асаба” буд. Соли 2007 ҳамчун узви Ҳизби сотсиал-демократ намояндаи парлумон интихоб шуд.

Таҷрибаи ҳамроҳӣ бо аҳзоби мухталиф Отунбоевро аз пуштибонии як ҳизби қавӣ барои мақоми президентӣ маҳрум кардааст. Набуди чунин пуштибонӣ ба вуҷуди ҳизбҳои пароканда роҳ кушодааст, ки гоҳо фазоро ғуборолуд ва якпорчагии мардуми кишварро зери суол мебаранд.

ДАСТОВАРДҲО

Соли гузашта коршиносон ва таҳлилгарон борҳо суқути зудраси ҳукумати Отунбоеваро пешгӯӣ карданд. Аммо чизе нашуд.


Фаъол шудани ҳукумат дар моҳҳои аввали баъди инқилоб ва баҳамовардани кишвар баъди зудухӯрдҳои қавмӣ, ду дастоварди муҳими Отунбоева унвон шудаанд. Бо вуҷуди вазъи бӯҳронӣ соли гузашта Отунбоева назархоҳии умумӣ ва интихоботи парлумонро баргузор кард ва бо изни мардум модели ҳукумати паламентариро таъсис дод.

Ин таҷрибаҳои демократӣ яке аз нуфузталабҳои аслӣ дар минтақа -- Русияро нороҳат кард, ки барои даст кашидан аз ҳукумати президентӣ мақомоти Қирғизистонро зери зарба гирифт. Мушкили хатарноки дигар таҳкими рӯҳияи миллатгароӣ дар Қирғизистон аст, ки метавонад кишварро пора кунад.

Дар ин замина Отунбоева баъзе нашрияҳоро дар барафрӯхтани оташи миллатгароӣ дар кишвар муттаҳам кардааст.

"МУҲИМТАРИН ҚАДАМ"

Бисёре аз нозирон мегӯянд, дастовардҳои Отунбоева ҳоло дар пешанд. Отунбоева гуфтааст, ки дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳур, ки тирамоҳи соли равон баргузор хоҳад шуд, иштирок намекунад ва ихтиёран аз мақом канор меравад.

Аз оғози расидани давлатҳои минтақа ба истиқлолият барои аввалин бор аст, ки як раиси ҷумҳур аз иштирок дар интихобот даст мекашад.

“Мо моҳи ноябр интихоботи президентӣ баргузор мекунем, ман бояд аз ин мақоми раёсати ҷуҳмур канор биравам. Ман мехоҳам ин дафъа барои ин бахши ҷаҳон намунае бошам, ки аз мақом рафтан ва ба қудрат “падруд” гуфтан имкон дорад. Ин муҳимтарин амалест, ки бояд дар Осиёи Марказӣ анҷом шавад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG