Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусоҳиба бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.

Ҳеҷ як сулҳ наметавонад намунаи комил барои тамоми ҷаҳониён бошад, аз он ҷумла сулҳи тоҷикон. Баъзе аз паҳлӯҳои сулҳи тоҷикон метавонад барои дигарон ҳамчун намуна истифода бишавад. Аз ин ҷост, ки ин таҷриба аз тарафи коршиносони байналмилалӣ, марокизи пажӯҳишӣ дар ҳоли омӯхтан аст. Рӯз ба рӯз арзиш ва ҷойгоҳи сулҳи мо чун як таҷрибаи муваффақ болотар меравад, ки бешубҳа боиси ифтихори мо тоҷикистониён ва ба хусус тарафҳои сулҳ аст. Аммо масъалаи онки имрӯз аз як тарафи сулҳ кам гуфта мешавад, ва ё инки қисме аз нафарон бо ҳар василаву баҳона зиндонӣ шуданд ва ё ҳиҷрат карданд ва аз мақомоти сифоиза ронда шудаанд, масъалаи дигар аст. Мо набояд ин ду масъала- яке худи сулҳ ва суботу оромише, ки баъд аз имзои созишнома ба вуҷуд омад ва дигаре пойбандии тарафҳо ба талаботи созишномаи сулҳро ба ҳам омехта кунем. Берун кардани намояндагони оппозисиюн аз қудрат ва ба ҳошия қарор додани тарафи дигари сулҳ масъалае аст, ки ба ахлоқ ва ба фарҳанги сиёсии инсонҳо рабт мегирад, на ба созишнома ва худи раванди сулҳ.

Суол: Дуруст аст, аммо ин паҳлӯи масъаларо низ онҳое, ки аз ин таҷриба истифода хоҳанд кард ба назар мегиранд онки бо ин сулҳ танҳо машрӯъияти як тараф ба қудратро барои муддати тӯлонӣ таъмин кард?

Ҷавоб: Ҳатман таҷрибаи сулҳи тоҷиконро бо оқибатҳои он хоҳанд омӯхт. Чаро имрӯз дар Афғонистон тарафҳои даргир омода нестанд, ки халъи силоҳ шаванд. Силоҳро бо худ ҳамеша ҳифз мекунанд ва аз нерӯҳои низомии худ ҷудо шуданӣ нестанд, на Толибон ва на ҳеҷ тарафи ҷанги Афғонистон. Зеро эътимод ба якдигар нест ва фикр мекунанд, ки агар шумо аз нерӯ даст кашидед ва эътимоди аз ҳад зиёд ба тарафи дигари сулҳ кардед, эҳтимол дорад, ки дар наздиктарин фурсат шуморо аз қудрат дур мекунанд ва ҷойгоҳи шумо паст хоҳад шуд. Дар сулҳи тоҷикон муҳимтарин омил ҳамин эътимод ва боварӣ буд, ки дар низоъҳои дигар байни тарафҳо эҳсос намешавад. Роҳбарияти ИНОТ бо эътимод ва боварии комил вориди сулҳ гашт ва то ба охир содиқ мондааст. Бисёриҳо имрўз боварии аз ҳад зиёдро ҳамчун содалавҳии роҳбарияти ИНОТ баҳо медиҳанд, ки дуруст нест. Роҳбарияти ИНОТ самимият нишон дод, на соддалавҳӣ ва маъмулан дар чунин ҳолатҳо зиракҳо бурд мекунанд, на самимиҳо.

Суол: Чаро дар нишасту ҷаласаҳои рӯзи сулҳ намояндаи ҷониби дигар масалан ҲНИТ ва шахиятҳои муътабари саҳим дар сулҳ даъват намешаванд?


Ҷавоб: Хуб мебуд ин саволро ба масъулини ин чорабиниҳо медодед. Ва онҳо ҷавоб медоданд, ки барои чӣ. Тааҷҷуби мо ҳам дар ҳамин аст, ки дар рӯзҳои ҷашн ва мавзӯъи сулҳ аз таарфи дигар дар расонаҳо камтар ном бурда мешавад, вале дар робита ба ҳодисаҳои шарқи кишвар хеле зиёд ва ба такрор мансубияти як нафарро ба ҳизб ёддовар шуданд. Ин дар аввали кор буд вале дар марҳалаҳои баъдӣ ақли солим ғолиб омад ва пеши роҳи ин равандро каме гирифтанд ва мо шоҳиди он будем, ки дигар талошҳои зиёде барои пайваст додани ин ҳодисаҳо ба ҲНИТ идома пайдо накард. Фарҳанг ва ахлоқи сиёсии баъзеҳо то ҳаде паст аст, ки ҳатто дар арафа ва рузҳои иди ваҳдат ҳам бо имзои мустаор дар расонаҳои расмии давлатӣ аз сангзанӣ ва кинатузӣ даст намекашанд. Вале, чун мо мутмаин ҳастем ки ин кори як зумра ноогоҳон аз манофеъи миллӣ ва арзишҳои сулҳ мебошад, ки паси шонаҳои роҳбарияти кишвар ва расонаҳои хабарии расмӣ пинҳон гаштаанд ва мо ҳаволаашонро ба Худо мекунем.

Суол: Онки даъват намешавад ба ин маъност, ки ҳамин гуна неру дигар вуҷуд надорад ва вуҷуди он ҳис намешавад?

Ҷавоб: Барои мо муҳим он аст, ки мардуми Тоҷикистон ин ҳамаро медонад, шоҳид буд ва дид, ки ҲНИТ ва ба хусус роҳбарияти он бо сарварии устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ заҳматҳои зиёде кашиданд барои ин сулҳ. Билохира миллати мо ба он даст ёфт ва агар касе ном мегирад, даъват мекунад, ё намекунад ин кори шахсии вай аст. Аз ҷойгоҳ ва қадри ҲНИТ ва умуман ҳама касоне, ки дар ин сулҳ даст доштанд як заррае ҳам кам нахоҳад кард. Баръакс миллати мо бисёр адолатпарвар аст ва агар бубинад, ки нисбати касе ноадолатӣ шуда истодааст, баръакс, қалбан боз ба тарафи он майл мекунанд. Ва ман бисёр мешунавам аз мардум, аз коршиносон ва низ дар ҷаласаҳо пурсида мешавад, ки чаро аз шумо зикр намешавад, даъват намекунанд, чаро вокунише нишон намедиҳед. Вале мавқеи мо ҳамон тавре, ки қаблан буд ҳамон тавр боқӣ мемонад. Мо ин корро барои худо, миллат ва ватан кардем ва агар аз мо зикр шуд, хурсанд мешавем чун ҳама як инсони дигар, вале агар зикр нашуд, ин барои мо чандон муҳим нест. Муҳим он, ки ин сулҳ ба вуҷуд омад ва он барқарор аст. Мо масъулияти худро назди Худо, ватан ва миллат анҷом додем.

Суол: Бархе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ҳукумат аз ҷанги дохилӣ ва сулҳ сӯистифода карда доираи фаъолияти аҳзоби мухолифро ҳарчӣ бештар маҳдуд мекунад.

Ҷавоб: ҲНИТ аз он нерӯҳое нест, ки агар ба ӯ майдон ва минбар доданд, рушд хоҳад кард ва агар пеши роҳашро гирифтанд, ё ба таври сунъӣ ӯро ба ҳошия ронданд, заиф хоҳад шуд. Мо як ҳизбе ҳастем, ки реша дар андешаи мардум дорем ва ин ҳизб аз батни ормонҳои мардум берун омадааст. Ва табиати ҳизби мо ҳамчун як ҳизби динӣ он аст, ки ҳарчи бештар болои мо фишор ояд ва ҳарчи бештар талош барои ҳошияронии мо шавад ҳамон қадар ҳизби моро рӯҳияи муқовимат устувортар мешавад ва инро дар таҷриба нишон ҳам додааст. Мо нигарон ҳам нестем, ки аз мо даъват намешавад, ё баромадҳои моро маҳдуд мекунан, васоити ахбор яктарафа баҳо медиҳад, чун майдони фаъолияти мо он расонаҳои расмӣ ва минбарҳои расмӣ нест. Майдони фаъолияти мо мардум аст, нишастҳои мардумӣ аст ва бевосита бо мардум кор кардан аст. Аз соли 2000-ум ба баъд коршиносон мегӯянд, ки минбари амали ҲНИТ маҳдуд карда шуд ва ба хусус дар чанд соли охир. Магар ин ба маҳбубият ва қабули мардумии мо таъсири мусбат расонид ё манфӣ? Коршиносон мегӯянд, ки дар интихоботи гузашта раъй ҳизби мо бештар аз гузашта буд. Шояд касоне, ки табиати роҳи моро намедонанд ва ё тоза ворид гаштаанд нигарони ин маҳдудкуниҳо бошанд, аммо роҳбарият нигарон нест ва инро табиати роҳи интихобкардаамон медонем.

Суол: Манзурам ин буд, ки ҳукумат имрӯз ҳарос дорад, ки боз муноқишаҳо оғоз нашаванд?


Ҷавоб: Ҳар ҳукумат агар ирода надошта бошад, ки озодиҳоро барои мардумаш бидиҳад, баҳона ёфтан барояш душвор нест. Дар бисёре аз кишварҳои собиқ шӯравӣ аслан ҷанге ҳам набуд, вале ҳукуматҳои онҳо ҳам пеши роҳи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои мардумиро бо баҳонаҳои дигар мегиранд. Агар дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ баҳона бошад дар баъзе ҳамсоякишварҳо чӣ? Мушкилиро мо танҳо дар набудани ирода ва талош барои ҳифзи статус-кво мебинем, дигар ҳамааш баҳона аст. Баъдан, таъсири ин "далелҳо" чӣ дар дохил ва чӣ хориҷ аз байн рафта истодаанд. Баъдан оҳиста-оҳиста ин далел чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар аз байн рафта истодааст. Аксари ҳукуматҳои худкома дар Шарқ зери шиори мубориза бо тундгароӣ ё хатари ҷангу бесомониҳо қудратро ба муддати тӯлонӣ нигаҳ медоранд, бехабар аз он, ки аллакай худашон ба омили асосии пайдоиши тундгароӣ ва сар задани бесомониҳо табдил шудаанд. Зиндонҳои Мисру Тунис аз "тундгароён" пур шуда буд ва тамоми оламро аз ин хатар метарсонданд, вале низоми онҳоро ҷавонони таҳсилкарда ва насли интернет сарнагун кард, ки ба ин афсонаҳо дигар бовар надошт. Дар мо ҳам зиёд болои хатари тандгароии исломи ишора мешавад, ҳол он, ки хатар метавонад аз ҷои дигар сар бизанад ва он ҳеҷ рабте ба дин надошта бошад. Аз интернет сар карда то мухлисони варзиш вале, масъулини идеологишуда ва дорои фикри қолабӣ, тавони шинохти воқеиятҳои навро камтар доранд, ки ин нигаронкунанда аст.

Суол: ҲНИТ ба унвони ҳомии арзишҳои исломии мардум амал мекунад ва ҳадафаш низ ҳифзи ин арзишҳо ва эҳёи ин арзишҳост, аммо давлат вақтҳои охир даст ба иқдомоти маҳдудкунанда ба умури дин мезанад. Ба фикри Шумо чаро мавқеъгирии давлат нисбати дин ин то ба ин дараҷа тағйир кард?

Ҷавоб: Нияти ҳар касро худаш медонад. Ман наметвонам бигӯям, ки чаро муносибати давлат нисбати дин яксаду ҳаштод дараҷа тағйир хӯрд. Мо танҳо метавонем ҳадс бизанем, тахмин кунем. Ман фикр мекунам, ки баъзе масъулини мо иштибоҳҳои Камол Отатуркро дар Туркия, раҳбарони бархе аз кишварҳои араб, ба вижа иштибоҳҳое, ки хонадони Паҳлавӣ дар Эронро такрор мекунанд. Ҳар миллат дар марҳилаи сохтани давлати миллӣ ҳатман ба суоле рӯ ба рӯ мешавад, ки ин давлати миллиро дар заминаи кадом идеология бисозад? Кадом арзишҳо бояд меҳвари ин давлати миллӣ бошанд? Бисёриҳо дар ин марҳала дар шинохти арзишҳо ва авлавиятбандии онҳи иштибоҳ мекунанд. Агар тасмим гирифтанд, ки бояд арзишҳои миллӣ меҳварият дошта бошад, ба ҷойи арзишҳои асили миллӣ ба таври сунъӣ даст ба арзишсозӣ мезананд ва ҳарчӣ ба зеҳну завқу салиқаи худашон рост омад, онро ҳамчун арзиши миллӣ болои миллат таҳмил карданӣ мешаванд. Ин иштибоҳи бузурги арзишсозону миллатсозон аст, ки дер ё зуд миллат ин ҳама музахрафоту арзишҳои хасакиро инкор менамояд ва ҳама чизро ба асли хеш бармегардонад. Сохтани давлати миллӣ дар заминаи арзишҳои миллӣ фикри олӣ аст. Вале аввал ин арзишхоро бояд хуб шинохт ва мутмаин буд ки оё аксарияти миллат онро қабул дорад ё не?

Иштибоҳи хонадони Паҳлавӣ дар Эрон, роҳбарияти Миср ва ё Камол Отатурк дар Туркия он буд, ки дар қадами аввал хостанд арзишҳои диниро аз миллӣ ҷудо намоянд ва баъдан ба даъвои худашон, ҳама чизро, аз ҷумла динро ҳам дар хидмати арзишҳои миллӣ қарор бидиҳанд. Бехабар аз он, ки тӯли садсолаҳо дин бо миллат дар ин кишварҳо то ҳаде бо ҳам омезиш ёфтааст, ки ҷудо кардани ин ду аз ҳам имкон надорад ва агар ҷудо ҳам карданд, ноқис хоҳад буд. Сутанмӯҳраи арзиши миллии аксари миллатҳои мусалмон дигар ҳамон арзиши динӣ аст ва талош барои ҷудо кардани ин ду маънии шикастанро дорад. Хонаводаи Паҳлавӣ орзу мекард, то як Эрони пешрафтаву мутамаддину пуриқтидорро бубинад, вале дин дар он нақше надошта бошад. Билохира, Эрон ба он ҳадаф расида истодааст, вале бо дину бе Паҳлавӣ. Мушкил дар орзуяш набуд, мушкил дар шинохти миллат ва дин буд. Ӯ фикр мекард, ки агар миллати Эронро аз таъсири дин озод кунад, ҳатман ба як Эрони пешрафта даст хоҳад ёфт, вале фикр накард, ки бо ин сиёсати нодурусташ ҳам ҷойгоҳи худро дар ҷомеаи Эрон аз даст медиҳад ва ҳам Эрон дигар мешавад. Ва Эроне, ки тӯли 1400 сол зиндагиаш, фарҳангаш ва буду бошаш бо дин омезиш ёфта буд ва дигар наметавонист динро аз миёни ин мардум ҷудо кард, билохира мардумаш ҳарфи ниҳоии худро зад, пеши роҳи ин сиёсати номақбулро гирифт. Ҳамчуноне, ки имрӯз дар Мисру Тунису Яман гирифта истодаанд. Ҳамчуноне, ки мардуми Туркия бо роҳи мусолиҳатомез ва ором пеши роҳи сиёсатҳои иштибоҳии Камол Отатуркро гирифт ва мардуми туркро баргардонд ба асли хеш. Дигар мафҳуми миллату динро бо ҳам дар якҷоягӣ дид. Назари мо ин аст, ки мо иштибоҳҳои ин нафаронро такрор карда истодаем ва ҳоло ҳам як талошҳои беҳуда рафта истодааст, ки аввал арзишҳои диниро аз миллӣ ҷудо кард ва марҳалаи дуюм арзишҳои миллиро болотар аз динӣ гузошт ва арзишҳои диниро дар хидмати он, ки ин аслан амалишаванда нест қарор дод. Зеро арзишҳои милливу диниамон бо ҳам омехтаанд. Вақте мегӯем миллат, манзурамон дин ҳаст ва вақте дин мегӯем дар назар дорем миллатро, ки 1400 сол бо мо ҳамқадам буд ва бо мо рушд ёфт. Назари мо ин аст. Ошкор мегӯям, ки заҳматҳои зиёд мекашанд ин дӯстон, харҷҳои зиёди молӣ ва маънавӣ хоҳанд кард, соатҳои зиёдро паси мизи гирдҳо, конфронсҳо, чопи китобҳо хоҳанд гузаронд, вале оқибаташ ҳеҷ аст. Ҳама гуна талош барои ҷудо кардани андешаи динӣ аз баданаи арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллии мо беҳуда аст ва натиҷа нахоҳад дод. Баръакс ман даъват мекунам, ки ин ҳама вақту соату маблағу заҳматҳоро харҷи он кунем, ки пайванди ин дуро бо ҳам зичтар кунем ва эътироф намоем, ки миллати мо бо арзишҳояш, фарҳангаш, бо андешааш дар заминаи андеша ва арзишҳои дини мубини Ислом ташаккул ёфтааст.


Суол: Агар ҳукумат ҳамин даъвати Шуморо қабул намояд, он гоҳ чӣ?

Ҷавоб: Мо ҳатман ҷонибдорӣ хоҳем кард ва кӯмаки худро низ хоҳем расонид. Як нуктаро инҷо мехоҳам тазаккур диҳам, ки ин гуфта ба маънои он нест, ки мо мароҳили қабл аз исломии таърихи миллатамонро фаромӯш кунем. Баъзеҳо мутаассифона инро тавре фаҳмидаанд, ки гӯиё мо фақат миллати тоҷик гуфта ҳамин 1400 солро дар назар дорем ва аз таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон, қабл аз ислом ё дурӣ меҷӯем, ё онро нодида мегирем. Ба ҳеҷ ваҷҳ. Баръакс мо тарафдори он ҳастем, ки он таърих омӯхта шавад, ба он эҳтиром гузошта шавад ва бисёре аз паҳлӯҳои мусбати таърихи аҷдодиамон, ки қабл аз Ислом буд, онро гирем, ба наслҳои баъдӣ мерос бигзорем. Ногуфта намонад, ки дини мубини Ислом ҳамчун як софкунанда, тамоми арзишҳои миллии қабл аз исломиро ба худ гирифт ва онро суфтаву беҳтар гардонд, комил гардонд ва ба мо мерос гузошт. Шояд баъзеҳо далел биёранд, ки на, ин заҳмати дини мубини Ислом нест, балки қудрати арзишҳои қабл аз исломии мо буд, ки тавонист муқовимат кунад ва худро дар чорчӯби Ислом ҳифз кунад. Бале, инро ҳам набояд рад кард. Мо дар инҷо ҳолатеро мебинем, ки ду арзиши асил якдигарро қабул ва пурра карданд ва ҳар чизи асил асолати дигарро инкор нахоҳад кард. Эҳтиром ва хидмати мутақобилаи ду арзиши асил билохира онҳоро ба ҳам омез дод ва як фарҳанги нодиру қавӣ ва арзишҳои ягонаи миллии моро ба вуҷуд овард. Волотарин намунаи ин гуфтаҳо ҷашни Навруз ва забони форсӣ аст, ки нишонае аз гузаштагони мо мебошанд.

Суол: Шумо борҳо зикр кардед, ки ҲНИТ дар талоши эъмори як ҷомеаи исломӣ аст, на давлати исломӣ, аммо бубинед талошҳое, ки имрӯз ҳукумат яъне он гурӯҳи ҳоким, ки ҳокимият баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ то ба имрӯз дар дасташон аст, талош доранд, то ки таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз арзишҳои дини Ислом ба дур нигаҳ доранд. Яъне ду ҷониб дар муқовиматҳои ошкору ниҳон ба ҳам рақобат доранд. Паёмади ин рақобатҳо ба чӣ меанҷоманд?

Ҷавоб: Агар рақобат солим бошад, ҳеҷ мушкил надорад, чун ҳақикат зодаи баҳс аст ва дар рақобат мо якдигарро пурра ва комил мекунем. Агар рақобат носолиму боғараз бошад, ду тарафро ба бунбаст ворид мекунад. Тоҷикистони мо аллакай як ҷомеаи исломӣ ҳаст ва рӯз ба рӯз дар ҷомеаи мо арзишҳои исломӣ рушд карда истодаанд. Ин ба касе маъқул ҳаст ё нест ояндаи Тоҷикистон бо Ислом хоҳад буд. Мо вақте мегӯем ҷомеаи исломӣ мехоҳем, манзурамон як ҷомеаи озоду пешрафта ва воқеан демокративу ҳуқуқбунёд аст, ки дар он дин ҷойгоҳи вижа ва хоси худро дорад, вале ҳеҷ гоҳ ба маънои он нест, ки тафаккури динӣ ва тарзи зисти динӣ болои ҳама таҳмил шавад.
Давлатҳо муваққатӣ ҳастанд, меоянд, мераванд. Ҳукуматҳо, шахсиятҳо, муваққатӣ ҳастанд. Вале асл, поянда ва мондагор ҷомеа аст. Шумо метавонед як давлатро ҳам исломӣ зълон кунед ва чанд номи дигари мазҳабиро ба ӯ пайванд бидиҳед, вале агар ҷомеа пойбанди арзишҳои исломӣ набошад номгузории шумо маънӣ надорад. Вале Шумо агар дар номи давлат , дар қонуни асосӣ ҳеҷ номе аз дин набошаду ҷомеа пойбанди афкор, андеша ва ахлоқи исломӣ аст дигар мушкил нест, ки он давлат ба чӣ ном номгузорӣ карда мешавад.
Вақти он расидааст, ки мо рақобатро танҳо дар масоили сиёси боқӣ монему дар масоили миллӣ ва мазҳабӣ ҳамфикру ҳамақида бошем. Беҳтарин роҳ сари миз нишаста сӯҳбат кардан ва якдигарро гӯш карда тавонистан. Дирӯз президент дар суханронии табрикотиаш атрофи тахияи консепсияи вахдати миллӣ сӯхбат карданд ва ширкати хамаро дар он таъкид доштанд. Агар ширкати ҳама мисли мухокимаи мардумии лоиҳаи қонунҳо ба роҳ монда шавад, муассир нахоҳад буд ва яктарафа мешавад. Чун ҳоло мегӯянд, ки масалан қонуни масъулияти волидайн баъди мухокимаи тӯлони ва хаматарафи қабул гашт, вале ошкор бояд бигӯем, ки хеле нороҳат ва хиҷил ҳастем. Дигаронро намедонам. Вале содиқона мегӯям, ки диламон ба ин миллату ватан месӯзад ва барои ояндаи некаш мегӯем, ки саросема нашавем дар қабули чунин санадҳо ва ҳамаро гӯш бидиҳем. Сухан сари намози чанд тифл дар масҷид нест ва Худованд ҳам ниёз ба намозу масҷидравии кадоми мо надорад. Сухан сари он аст, ки мо масъулияти худро анҷом бидиҳем ва боиси сар задани нофаҳмиҳо нагардем.

Суол: Ба ҳар сурат чаро давлат алайҳи меъёру арзишҳои исломӣ бештар тамоюл нишон медиҳад ,чӣ ҳадаф дошта метавонад?

Ҷавоб: Ҳамаи ҳукуматҳо дунболи манфиат ҳастанд. Агар имрӯз ба манфиаташ бошад, ки ба худ чеҳраи исломӣ бигирад ҳатман барномаҳои исломиро пиёда хоҳад кард ва конфронсу мизи гирду соли бузургдоштҳо баргузор мекунад ва агар бубинад, ки ин кор ба нафъаш нест, ҳатман сиёсатҳои дигарро пеш хоҳад гирифт. Ин танҳо хоси як ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ нест. Бисёри ҳукуматҳои прагматӣ дунболи манфиатҳояшон ҳастанд ва ҳар чӣ ки ба манфиати онҳо кӯмак бирасонад, дунболи он хоҳанд рафт. Ман фикр намекунам, ки барои чеҳраи зидди исломӣ гирифтан ба ҳукумат ягон манфиате мерасида бошад. Онҳо худашон низ инро дарк мекунанд ва талош ҳам карда истодаанд, ки сиёсатҳояшон рангу бӯи зидди исломӣ нагирад.

Суол: Аммо бар ҳар навъе бо қонунҳо нав ба нав ин арзишҳо маҳдуд мешаванд.


Ҷавоб: Инҷо чандин омилҳои объектививу субъективӣ ҳастанд, ки бетаъсир наянд. Якеаш ин рушди воқеан босуръати гароиши мардум ба дин. Ҳукумат ва шояд баъзе аз ниҳодҳои давлатӣ дарк карда истодаанд, ки рақобати идеоложикро, рақобатро барои мағзҳо ва қалбҳои мардум бохта истодаанд. Эҳсос мешавад, ки каме асабонианд. Сабаби дигараш шояд дар ҳодисаҳои Рашт ва пайдоиши гурӯҳҳое, ки бо номи ислом амал мекунанд бошад. Билохира ,ҳукумат як мафҳуми мутлақ ва умумӣ нест, он аз инсонҳои алоҳида ташаккул ёфтааст ва онҳо ҳам зери таъсири ин ва ё он омил қарор мегиранд. Баъзан тасмимҳо ҳамчун вокуниш ба ин ё он ҳодисаи алоҳида аст, на ҳамчун барномаи стратегӣ. Шояд сиёсатҳои охир ҳам вокуниш ба чанд ҳодиса ва раванд бошад. Агар чунин аст, бояд онро зуд ислоҳ кард ва баргашт ба сиёсатҳои стратегӣ. Вале, агар худое накарда ин сиёсатҳо ҷузъи барномаҳои дарозмуддат ва стратегӣ бошад, хеле хатарнок аст, чун ҷомеъаи моро ҳамеша дар ҳолати мухолафати идеологӣ ва бархӯрди андешаҳо нигаҳ медорад. Баъзеҳо хеле содалавҳона фикр мекунанд, ки инҷо дасти доираҳои хориҷӣ ҳаст ва бо роҳи фишор овардан болои сиёсатмадорон ва тасмимгирандагони мо водор мекунад, ки дар Тоҷикистон сиёсатҳои зидди динӣ ва маҳдудкунандаи озодиҳои динӣ пиёда карда шаванд. Баъзе дигар бар он назаранд, ки ин гуна сиёсат барои кӯмакҳо ва имтиёзҳои байналмилалӣ пиёда карда шудааст. Ман низ дар аввал чунин фикр мекардам, вале ҳоло мебинам, ки кор то ба ҳадде расидааст, ки баъзе гуфторҳову рафторҳои моро хориҷиён низ сарфаҳм намераванд. Ин нишонаи хушбин будани миллати мо аст, ки нисбати ҳамватани хеш нияти нек дорад ва то лаҳзаи охир кӯшиш мекунад, ки гуноҳро ба дӯши бегонагон партояд ва мегӯяд, ки ин айби масъулини мо нест. Ҳатман касе аз берун болояшон фишор овардааст ва онҳо ҳастанд, ки ин бечораҳоро маҷбур мекунанд. Шояд фишорҳои хориҷӣ ҳам бошад, вале "турфа шогирде, ки дар ҳайрат оварад устодро."

Суол: Шумо дар бораи ҳодисаҳои шарқи Тоҷикистон ҳарф задед. Вақте ин ҳодисаҳо рух заданд, таҳлилгарони наздики ҳукумат аз ҲНИТ ва роҳбарияти он интиқод карданд, ки чаро Кабирӣ ин ҳодисаҳоро маҳкум накард ва гӯё Шумо тарафдори ин гуна ҳаводис ҳастед. Назари худи Шумо чӣ аст?

Ҷавоб: На ин тавр нест. То ба ҳол моро касе маҳкум накардааст. Агар касе бо имзои мустаъор чизе навишт, ин маҳсули тахайюлоти шахсии ӯст. Аз тарафи дигар ҲНИТ ва камина ҳам мавқеъи худамонро бисёр мушаххас, шаффоф ва равшан ба ҷомеа гуфтем. Мо ин ҳодисаҳоро маҳкум кардем ва ҳама касоне, ки дар фикри муташанниҷ кардани Тоҷикистон ҳастанд, новобаста аз он, ки зери кадом шиор ва кадом ном амал мекунанд, маҳкум кардем ва эълон кардем, ки мо ҳеҷ рабте бо ин гурӯҳҳо надорем. Масъулияти як ҳизби сиёсӣ баҳо додан ба ҳодисаҳо аст на иҷро кардани нақши суд ва ё прокуратура. Мо ба ҳадди як ҳизби сиёсӣ ҳарфи худро, мавқеъи худро муайян кардем ва равшантар аз ҳама. Дуруст аст, ки иддаи каме аз иштирокдорони он ҳодисаҳо замоне бо ИНОТ буданд, вале пас аз имзои Созишнома роҳҳои мо гуногун буд ва ҳар кас бояд масъули амали хеш бошад. Ва касе ҳақ надорад бигӯяд, ки агар замоне онҳо бо мо буданд то қиёмат мо масъули аъмоли онҳоем. Ҳамон тавре, ки ҳеҷ гоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули амалкардҳои собиқ вазирҳо ва генералҳо нест, ки хиёнат ба миллату Ватан карданд то имрӯз ҳам дар сарашон фикрҳои нохубро парвариш медиҳанд. Ҳарчанд онҳо касоне буданд, ки ҳокимияти имрӯзаро сари қудрат оварданд ва аз мӯҳраҳои калидӣ ҳам буданд.

Суол: ҲНИТ имрӯз чӣ ҳол дорад? Дар фаъолияташ ҳеҷ мудохилаву фишоре таҳдид ҳис намекунад?


Ҷавоб: Ҳеҷ гуна таҳдиду фишори хос дида намешавад. Ҳама он фишору маҳдудияте, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон эҳсос доранд мо низ ҳамонро ҳис мекунем. На бештару ва на камтар. Аслан нигарони ягон таҳдиду фишор ҳам нестем. Қаблан низ зикр намудем, ки мо одат кардаем ва гоҳо ба назарамон чунин мерасад, ки маҳз дар чунин шароит мо бештар рушд мекунем. Суботу оромиши аз ҳад зиёд, ҳизби моро як каме камҳавсала мекунад. Ба гуфти Иқбол:

Мавҷем, ки осудагии мо адами мост,
Мо зинда аз онем, ки ором надорем.

Суол: Баъд аз ин, ки ҲНИТ иҷозати дубора фаъолият карданро пайдо кард, ҳукумат ҳамин чанде пеш барои аввалин бор ҳушдор дод, ки дар сурати муроот накардани бархе аз меъёрҳо имкон дорад баста шавад. Яъне чунин имкон вуҷуд дорад. Ва дар сари ҳукумат, ки як тарафи сулҳ аст андешаи бастани фаъолияти тарафи дигари сулҳ, ки Шумо ҳастед, давр мезанад, магар ин таҳдид нест?

Ҷавоб: Мо хидмати худро ба ҳайси як ҷониби сулҳ анҷом додем ва ин маънои онро надорад, ки дигар касе ба мо кордор нашавад ё имтиёзи вижае дар назди қонун дошта бошем. Агар имрӯз мақоме, вазорате ва ҳатто нафаре аз мо талаб кунад, ки мо ҳамчун як ҳизби сиёсӣ рафтору гуфтору амали худро тибқи қонунҳои кишвар ба роҳ монем, пас мо чаро нороҳат шавем ва бигӯем, ки мо як тарафи сулҳ ҳастем ва онҳо аз мо талаботе хостаанд, ки ба шаъну шарафи ҳизби мо мувофиқ нест. Муҳим он, ки муносибат бо мо табии ва беғараз бошад ва талаботҳо низ . То ҳол касе расман дар бораи масъалаи бастани ҳизби мо сухан нагуфтааст, баръакс, Дабири Шурои амният гуфтанд, ки ин гап аслан ҷо надорад. Аз тарафи дигар, ҲНИТ зиёд сари ин масъала фикр нахоҳад кард, ки фаъолияташро қатъ мекунанд ё на. ҲНИТ болотар ва фаротар аз ин сӯҳбатҳост. Пештар фаъолияти расмии ҲНИТ шарти сулҳ буд, ҳоло ин як амри табии ва воқеъияти бебаҳс аст. Тӯли ин даҳ соли охир мо мавқеъи худро миёни ҷомеа, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар беруни он устувор кардем. ҲНИТ ҳамчун як падида дар ҷаҳон эътироф шуд ва берун кардани он аз саҳна дигар имкон надорад. Баъзеҳо ин орзуро доранд, ки моро баста бубинанд, вале ин орзуе беш нест. Мо низ нигарон нестем. Агар билфарз, беақле ин корро бо баҳонае карданӣ шуд, ин ба маънои аз байн рафтани ҲНИТ нахоҳад буд. Ҳади аксар як санади дусаҳифагиро бекор мекунанд, даҳҳо ҳазор аъзо ва садҳо ҳазор ҷонибдор дар ин ватан боқӣ хоҳанд монд ва онҳо ҳастанд ки тасмим мегиранд дар бораи ҳизб.

Суол: Ба назар чунин мерасад, ки ҲНИТ ба унвони як ҳизби динӣ заъиф аст, зеро гурӯҳҳои тундгарову радикалӣ, ки бо номи ислом баромад мекунанд, вақтҳои охир дар ҳоли зиёдшавианд? Оё метавон онҳоро рақибони ҲНИТ номид?

Ҷавоб: Аввал ин, ки мо худро рақиби ҳеҷ созмони расмии исломӣ дар кишвар намедонем. Онҳое, ки расман амал мекунанд, мисли шахсиятҳои маъруфи динӣ дар кишвар, созмонҳои динӣ ва масҷиду мадрасаҳо мо бо онҳо ҳамкор ва шарик ҳастем. Онҳое, ки ғайрирасмӣ амал мекунан, мо на танҳо бо онҳо рақиб нестем, балки алайҳи онҳо мубориза ҳам хоҳем бурд. Ин мавқеи ошкор ва шаффофи мо ҳаст. Аммо масъалаи онки агар ҲНИТ қавитар мебуд, оё сафи аъзои ин созмону ҳаракатҳо камтар мегашт ин масъалаи ҷомеашиносӣ аст, ки бояд мутахассисони мо бештар сари ин масъала кор кунанд. Агар мо ба назар бигирем, ки гароиши мардуми Тоҷикистон ба дин бештар мешавад, ба хусус ҷавонон ва онҳо ҳатман бояд ин гароиши худро шакли моддӣ бидиҳанд, ё узви кадом созмоне бошанд, ё дар масҷиде бираванд аъзо бишаванд, ё ҷонибдорӣ аз як ҳизби сиёсӣ кунанд, мо бояд каналҳои муносиби расмӣ ва қонунмеҳварро барои онҳо ба вуҷуд оварем, ки онҳо битавонанд гароиши худро ҷанбаи моддӣ ва амалӣ бибахшанд. Агар фаъолияти ҲНИТ табиӣ, ором ва бидуни кашмакашҳои сунъӣ сурат бигирад, аксари касоне, ки имрӯз дунболи Ҳизби Таҳрир, гурӯҳҳои салафӣ ва дигар гурӯҳҳои ғайрирасмӣ рафтанд, метавонистанд ҷузъи аъзои ҲНИТ бошанд ва дар қолаби расмӣ фаъолият кунанд. Ҳоло, ки онҳо наомаданд суроғи ҲНИТ ва рафтанд дунболи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пас инҷо маълум мешавад, ки ҳам дар фаъолияти мо мушкилӣ мавҷуд аст, ҳам дар фаъолияти мақомоти давлатӣ. Андеша бояд кард, ки чаро натавонистем онҳоро ҳифз кунем ва имкон додем,ки дунболи дигарон бираванд. Ё саволро ба таври дигар бимонем, агар худо накарда ҳамон тавре баъзеҳо мегӯянд, фаъолияти ҲНИТ дучори мушкилӣ шавад ва омадани нафарҳои нав, аъзои нав ба сафи ҲНИ камтар шавад, пас он ҷавононе,ки дар оянда бештар гароиши исломӣ пайдо хоҳанд кард, куҷо мераванд? Табиист, ки онҳо аъзои ҲХДТ , ҲКТ нахоҳанд шуд. Ҳатман мераванд дунболи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ. Ин масъала танҳо ба ҲНИТ на, балки ин масъала ба амнияти миллӣ-давлатӣ дахл дорад. Ва агар ҳоло мо бубинем, ки масъулини Тоҷикистон, ба хусус бахши қудратӣ, мехоҳанд, ки рушди ояндаи исломгароиро дар чорчӯби қонун созмон бидиҳанд, бояд ҳамкории бештар бо ҲНИТ дошта бошанд, ё имконияти бештарро барои ҲНИТ фароҳам биёранд. Ҳадди ақал халал нарасонанд, монеа эҷод накунанд. Ва агар на, ба дасти худамон ояндаи миллатро, ҷавононро ба тарафи ҳизбу ҳаракатҳои тундрав тела медиҳем, ки ин ба зарари ҳама хоҳад шуд. Вале чун раҳбари ин ҳизб ҳастам метарсам, ки боз ҳам баъзеҳо нодуруст мефаҳманд ва ҳамон тавре, ки қаблан ҳам борҳо гуфтанд, гӯиё як гуна мехоҳем нақши ҳизби худро бештар равшан кунем ва онро аз будаш бештар баҳо диҳем.


Суол: Баъди интихоботи парлумонӣ шумори аъзои ҲНИТ афзуд?

Ҷавоб: Бале афзуд, албатта, на ба он суръате, ки қабл аз интихобот буд. Суръат каме коҳиш ёфт. Зеро, нисбати аъзои нав талабот шадидтар шуд ва аз масъулини манотиқ хоҳиш кардем, ки як каме ин равандро коҳиш диҳанд то ин, ки боиси вокунишиҳо ва нигарониҳои баъзе доираҳо нагардад.

Суол: Шумо гуфтед, ки дар интихоботи ояндаи президентӣ номзад намешавед. Оё ин тасмим аз сари тарс аст ва ё ин, ки ба худ бовар надоред?

Ҷавоб: На ину на он. Агар тарс медоштам масъулияти як ҳизби сиёсии динии оппозитсиониро ба дӯш намегирифтам ва агар ба худам бовар намедоштам боз ҳам ин масъулиятро қабул намекардам. Бародарон маро интихоб карданд ба ин масъулияти сангин ва пурифтихор ва омода шудам, ки масъулиятро бигирам, пас маънои онро дорад, ки чандон тарс ҳам аз масъулиятҳои сиёсӣ надорам. Албатта худбоварии зиёд ҳам ба сиёсатмадор зарар дорад. Вале эътимод ба худ барои ҳар роҳбар лозим аст.

Суол: Ба ҳар сурат омода ҳастед, барои ширкат дар интихобот?

Ҷавоб: Аввал ин, ки ин тасмимро анҷуман мегирад. Ва анҷумани ҳизб муайян мекунад, ки оё ҳизби наҳзат ширкат кунад, ё не. Агар тасмим барои ширкат гирифта шуд, баъдан муайян мекунем, ки номзади мо, кӣ бошад:- аз дохили ҳизб, ё аз беруни ҳизб. Вале назари шахсии ман дар ин масъала он аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ беҳтар буд, ки дар ин марҳала, яъне як чандсоли дигар дар тамоми кишварҳои мусулмонӣ номзади худро пешниҳод накунанд. Ман ин сӯҳбатҳои худро дар хориҷи кишвар ҳам борҳо кардаам, дар ҳузури роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои исломии ҷаҳон, баъзеҳо тарафдор буданд баъзеҳо интиқод карданд аз ин мавқеи мо. Ба хотири он аст,ки кишварҳои худро ба Фаластини дигар табил надиҳем. Баъд аз ғалабаи Ҳамос, ки ғалабаи соф ва эътирофшудаи байналмилалӣ дошт, тамоми кишварҳо аз он ҷумла кишварҳои ғарбӣ ҳам Фаластинро ба муҳосираи иқтисодӣ кашиданд ва мардуми Фаластинро барои интихоби хуб ва дурусташон ҷазо доданд. Албатта, пас аз инқилобҳо вазъ метавонад ба суръат дигар шавад ва ҳизбу ҳаракатҳои исломи, ки эътимол аст дар қудрат шарик шаванд, муносибатро ба ин масъала дар сатҳи ҷаҳонӣ дигар кунанд. Барои ҳизби мо манофеъи миллат ва кишвар болотар аст ва тасмимро вобаста ба ин хоҳем гирифт.

Суол: Шумо сафарҳои зиёде дар ақсои олам анҷом додед, фикр мекунед, кадоме аз ин абарқудратҳо, Амрико ва ё Русия ба ислом нигоҳи мусбат доранд?

Ҷавоб: Сафарҳои зиёде, ки ба кишварҳои ғарбӣ ва Русия анҷом додаам ба ман ин имконро надодаанд, ки бигӯям кадоме аз ин ду кишвар ва шариконашон ба ислом нигоҳи мусбат доранд. Ҳар кадомашон сиёсатҳои хоси худро доранд. Масалан агар сиёсатҳои Русияро баҳогузорӣ кунем мебинем, ки дар дохили Русия фазо барои мусалмон мусоид аст. Дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳатто дар муқоиса бо Тоҷикистон озодиҳои зиёде доранд. Аз тарафи дигар бо ҳизбу ҳаракатҳои зиёди ҷаҳони ислом ҳам ҳамкории зич дорад, масалан Русия бо ҷасорат Ҳаммосро эътироф ва раҳбари сиёсии он Холид Машъалро ба Маскав даъват кард. Ҳоло ягон кишвари ғарбӣ ин корро накардааст ва ҳатто омодаи эътирофи “Ҳамос” ҳам нест. Вале боз ҳам мебинем, ки Русия дар Осиёи Марказӣ омода нест, ки бо ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ва умуман бо ислом ҳамкорӣ дошта бошад. Бояд ба таърих ҳам нигоҳ кард. Таърихан, бештар аз дусад соли охир Русия дар Осиёи Марказӣ ва Қавқоз бо ислом ва мусалмонон мушкилиҳо доштааст. Аз Имом Шомил дар Кавказ , ки зери шиори ислом бар зидди Русия, ки ба роҳ андохта буд то муҷоҳидони Осиёи Марказӣ, ки баъдан онҳоро босмачӣ ном карданд, яъне чи дар замони Русияи подшоҳӣ ё болшевикӣ боз ҳам ислом ва мусалмонон муқовимат мекарданд ва агар ба ин илова кунем, ҷиҳод ва муқовимати муҷоҳидини тоҷикро дар солҳои аввали истиқлолият, пас як пасманзареро барои мо равшан мекунад, ки чаро Русия дар ҷаҳони ислом ва дар дохили худи Русия як сиёсати дигар дорад, вале дар Осиёи Марказӣ натавонистааст бо ислом ва мусалмонон сиёсатҳои навро пиёда кунад. Ба назари ман дар ояндаи наздик ин тағйир хоҳад хӯрд. Зеро дар Русия ба сари қудрат шахсони прагматик омада истодаанд, ки дигар чандон дунболи таърих ва идеология нестанд ва шояд, ки дар ояндаи наздик боиси тағйироти куллӣ дар сиёсатҳои Русия нисбат ба Ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ ба хусус дар Осиёи Марказӣ гардад. Вале бояд гуфт,ки муносибати Амрико бо олами Ислом, бо ҳизбу ҳаракатҳои Исломӣ як каме ҷанбаи идеологӣ дорад. Ва Ғарб агар қаблан шӯравиро душмани худ медонист ва тамоми сиёсатҳояшро бар он асос мегузошт, ки ҳатман бояд як душмани қавӣ дошта бошад, пас аз пошхӯрии Шӯравӣ, ин ҷойгоҳро аз ҳисоби мусалмонон пур кард. Як муддат надоштани душмани қавӣ боиси коҳиш ёфтани ҷойгоҳ- қудрати худи Ғарб гашт ва онҳо ба хулоса омаданд, ки инҳо ниёз ба душмани қавӣ ҳатто дар сатҳи миф ҳам, ки бошад доранд ва терроризми исломиро ҷойгузини терроризми сурх карданд. Ва имрӯз доранд мубориза бо баъзе таваҳумҳо ва бофтаҳои хаёлӣ мекунанд мисли Усома бин Лодин, Толибон ва терроризми байнулмилалӣ. Албатта ба ин маъно нест, ки Усома бин Лодин ё Толибон ё гурӯҳҳои дигари ифротӣ воқиеят надорад, онҳо ҳастанд ва шояд, ки дар ояндаи наздик ҳам хоҳанд монд. Вале фаромӯш нашавад, ки аксари ин ҳизбу ҳаракатҳо боз ҳам зодаи технологияи сиёсии ғарбӣ аст, баъдан онҳо контролро аз даст доданд. Ва ҳоло бояд тазаккур дод, ки он сафарҳои зиёде, ки ба Ғарб дорам ба хусус ба Аврупо дарёфтам, ки дар Ғарб як нерӯи нав дорад шакл мегирад, ки онҳо ҳам хаста шудаанд аз мубориза бо мифҳо ва тахаюлот. Ғарб ҳам мехоҳад, ки билахира як зиндагии ором дошта бошад ва роҳро дар ҳамзистии мусолаҳатомез бо мусалмонҳо мебинад ва бояд бо воқеиятҳо канор ояд. Ҳоло диданд, ки дигар намешавад бо мардуми мусалмон муборизаи тӯлонӣ кард ва ҳамеша аз низомҳои худкомаи диктаторҳо дифоъ кард. Дар лаҳзаи охир доранд сиёсатҳояшонро тағйир медиҳанд ва ин паёмро ошкор фиристода истодаанд, ки омода нестанд ба муддати тӯлонӣ аз диктаторҳои олами ислом дифоъ кунанд. Ва ҳоло мебинем, ки аз инқилобҳои кишварҳои арабӣ пуштибонӣ карда истодаанд. Ман фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик Ғарб ба ин натиҷа хоҳад расид, ки бояд мардуми мусалмонро шарики худ қарор бидиҳад ва на низомҳои худкомаро. Мо шояд дар оянда шоҳиди он бошем, ки ҳам Русия ва ҳам Амрико ва кишварҳои аврупоӣ як гуфтугӯи васеъро бо ҳизбу ҳаракатҳои мӯътадили исломӣ ба роҳ хоҳанд монд.

Суол: Шумо аз режимҳои диктотурӣ ҷаҳони араб таъкид кардед. Оё сарнавишти Ҳусни Муборак ва дигар худкомаҳои ҷаҳони араб дар кишварҳои Осиёи Миёна метавонад такрор бишавад ва ё на?

Ҷавоб: Бигзор дар бораи диктаторҳои аз байн рафта ва рафта истода онҳое фикр кунанд, ки ба онҳо монанд ҳастанд. Чаро ман дар бораи сарнавишти онҳо фикр кунам? Диққати маро бештар сарнавишти роҳбарони оппозитсиюни он кишварҳо ҷалб мекунад.

Суол: Имрӯзҳо дар бораи сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ҳукумат зиёд мешунавем. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки сафи муҳоҷирини корӣ ва қарзҳои хориҷӣ дар ҳоли афзоишанд. Оё ҳамиин аст сиёсати хирадмандона?

Ҷавоб: Чаро мо бовар надошта бошем, ки дар сиёсатҳои пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон хирадмандӣ вуҷуд дорад. Ман ба ин шак надорам. Билохира сулҳи тоҷикон ин натиҷаи хиради азалии мардуми Тоҷикистон ва хирадмандии ҳарду тараф буд, ки роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон як ҷониби он тараф аст. Танҳо нафари ғаразнок инро эътироф намекунад. Вале, чун ин вожа дар ҳама ҷой баҳудаву беҳуда истифода мешавад ва камтарин дастовард ва ҳатто баъзан сиёсатҳои иштибоҳиро ҳамчун сиёсати хирадмандона муаррифӣ карданӣ мешаванд, оҳиста-оҳиста худи вожаи хирадмандона ва хирадмандӣ забонзад шуд, ки саволи Шумо ҳам аз ин баромада бошад. Намешавад, ки 20 сол роҳбари давлат бошӣ ва дар сиёсати пешгирифтаат хирадмандӣ вуҷуд надошта бошад, вале ин мафҳумро мо набояд мутлақ қабул кунем ва бояд эътироф кунем, ки дар баробари амалҳои хирадмандона, иштибоҳҳо низ вуҷуд доштанд. Вақте аз иштибоҳҳо гуфта намешаваду танҳо аз хирадмандиҳо, пас ин ибора як тобиши дигар низ пайдо мекунад.

Суол: Оё чунин имкон мавҷуд ҳаст, ки дар Тоҷикистон бидуни низоъ ва бо роҳи интихобот низоми кишвар тағйир кунад?

Ҷавоб: Бале, вуҷуд дорад. Оё бо роҳи осоишта як нафар рафтан мехоҳад ё не, ин масъалаи дигар аст, вале бо роҳи қонунӣ, осоишта ва мусолиҳатомез имкони ҳама кор вуҷуд дорад, аз он ҷумла тағйири сиёсату ҳокимиятҳо дар кишвари мо ҳам. Аз нигоҳи мо ҳеҷ кори амалинашаванда дар ҷаҳон нест ва метавон ҳама корро оромона ва бо сабру таҳаммул анҷом дод. Ман бисёр вақт мисоли меорам амали мардуми Ҳиндро, ки хеле ҳам оромона, бидуни истифодаи зӯроварӣ ба истиқлолият расид ва аз Британия мустақил шуд. Аммо Шумо фикр накунед, ки мардуми Ҳинд ин озодиро ба осонӣ бо даст овард. Вақте ки мардуми Ҳиндро аз зартозакунӣ дар соҳили дарёи Ганг маҳрум карданд, истилогарони Бритониё ин даромадро танҳо худашон мегирифтанд, мардуми Ҳинд то дер боз тоқат кард. Баъдан як гурӯҳ ба вуҷуд омад ва рафтанд ба заршӯӣ, ки пулиси бритониёвӣ онҳоро зиндонӣ кард ва гуфт, ки тибқи қонун Шумо ҳаққи заршӯӣ дар соҳили дарёи Гангаро надоред. Рӯзи дигар сад нафар рафт. Онҳоро низ зиндонӣ карданд. Рӯзи дигар ҳазор нафар рафт, вақте ки ҳама зиндонҳо пур шуданд, губернатори Ҳинд ба Лондон телеграмма фиристод, ки назари мо ин аст, ки мардуми Ҳинд сазовори озодӣ шуданд ва ҳақ доранд, дигар озод бошанд. Далел ин буд, ки дигар онҳо тоқати зулм ва беадолатиро надоранд. Омода ҳастанд, ки бираванд зиндонӣ шаванд, вале оромона бо роҳи мусолиҳатомез, эътироз карда истодаанд. Лондон ҳам дигар чора надошт ба ҷуз он, ки зиндониҳоро раҳо кунад ва барои онҳо озодӣ бубахшад. Ҳар миллат метавонад ба роҳи мусолиҳатмез, босаброна во бо роҳи қонунӣ ва бидуни зӯроварӣ онро ба даст биоварад.

Суоли охир: Оё хонаи ваъдагиро барои оилаи Рақибовҳо хоҳед сохт?

Ҷавоб: Кор алакай шуруӯъ шуд ва мо то имрўз мунтазири санадҳои расмӣ будем. Ҳама чиз бояд дар асоси қонун ва санадҳои расмӣ бошад.

Муҳиддин Кабирӣ 20 июли соли 1965 дар қишлоқи Қасамдараи ноҳияи Файзободи ҶТ таваллуд шудааст. Соли 1983 техникуми статистикии (омори) ш. Орҷоникидзеободро хатм намуда, дар совхози «Октябр»-и ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда кор кардааст.Аз соли 1983 то 1985 дар сафи Артиши Шўравӣ хидмат кард.Солҳои 1985-1987 дар ноҳияи Файзобод иқтисодчӣ шуда фаъолият дошт. Соли 1987 ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1992 онро хатм намудааст. Солҳои 1992-1993 ба ҳайси коромӯз дар Ҷумҳурии Яман будааст. Соли 1993 ба академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Руссия дохил шуда, соли 1995 онро хатм намуда, мутахассиси соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ мегардад. Аз соли 1995 то соли 1997 ба ҳайси президенти Маркази фарҳангии «Сино» (ш. Москва) ва муовини директори генералии АОЗТ «Халиф» (ш. Москва) фаъолият намудааст. Соли 1997 ба вазифаи ёрдамчии раиси Комиссияи Оштии Миллӣ таъйин шуда, соли 1999 узви КОМ дар зеркомиссияи оиди масъалаҳои сиёсӣ фаъолият кардааст.
Соли 1999 узви Раёсати Олӣ ва муовини раиси ҲНИТ интихоб мешавад ва соли 2003 дар Анҷумани навбатии ҳизб муовини аввали раиси ҲНИТ интихоб шудааст.Соли 2000 як ташкилоти ғайриҳукуматии ҷумҳуриявиеро бо номи Маркази «Диалог» таъсис додааст. Аз соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб гардидааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, оиладор соҳиби 6 фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG