Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Воҳидова: Урунбой Усмонов узви Ҳизбуттаҳрир нест


Урунбой Усмонов

Урунбой Усмонов

Файзинисо Воҳидова-вакили мудофеи Урунбой Усмонов-хабарнигори боздоштшудаи бахши узбакии Би Би Си дар Хуҷанд гуфт, расидагии як ҳафтаи ахири вай нишон додааст, ки Усмонов узви ҳизби мамнуи Ҳизбуттаҳррир нест.

“Дар вақти гузаронидани як қатор амалиёти тафтишотӣ бо дигар боздоштшудагон, воқеан онҳо инкор карданд, ки вай узви ин ҳизб набуд. Худи мақомоти тафтишотӣ ҳам боварӣ ҳосил кардаанд, ки вай ягон вақт ба ин ҳизб шомил нашудааст ва аъзо ҳам набуду тарафдори он ҳам нест”.

Хонум Воҳидова мегӯяд, Усмонов барои ба даст овардани маълумот бо аъзои Ҳизбуттаҳрир чанд бор мулоқот кардааст ва аз онҳо адабиёт гирифтааст, то дар гузоришҳояш истифода барад, вале онро ба мақомот хабар надодааст. Ба гуфтаи вай, дар қонуни Тоҷикистон роҷеъ ба матбуот омадааст, ки рӯзноманигор муваззаф нест, манбаи маълумоти худро ифшо намояд, вале дар баъзе қонунҳои дигар гуфта мешавад, ки рӯзноманигор бояд аз мулоқоти худ ба мақомоти интизомӣ хабар диҳад.
XS
SM
MD
LG