Пайвандҳои дастрасӣ

Ф.Воҳидова: «Рабти Усмонов ба Ҳизб-ут-таҳрир инкор шуд.»


Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Урунбой Усмонов

Вакили мудофеи хабарнигори боздоштшудаи Би-Би-Сӣ гуфт, мансубияти Усмонов ба Ҳизб-ут-таҳрир собит нашуд.

Файзиниссо Воҳидова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «дар муддати як ҳафтаи амалиёти тафтишотӣ мансубияти Урунбой Усмонов ба созмони мамнӯъ ва ифротгарои Ҳизб-ут-таҳрир пурра инкор карда шуд. Зеро ҳангоми гузарондани амалиёти тафтишотӣ бо дигар боздоштшудагон онҳо гуфтанд, ки Усмонов аъзои ҳизб нест ва ягон вақт аъзо набудааст. Бино бар ин мақомоти тафтишоти пешакӣ низ боварӣ ва итминон ҳосил кард, ки зерҳимояи ман ягон вақт ба ин ҳизб шомил нашудааст, аъзо ҳам набуд ва тарафдори идеяҳои ин ҳизб ҳам нест.»

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тафтишот Урунбой Усмоновро дар узвият ба Ҳизб-ут-таҳрир муттаҳам медонистанд. Акнун, ки таҳқиқ собит кардааст, ин хабарнигор ба ин гурӯҳи мамнӯъ ва ифротгаро нисбате надорад, хонум Воҳидова ин амрро навъе пирӯзӣ дар баррасии парвандаи зерҳимояаш медонад.

Аз хонум Воҳидова пурсида шуд, дар ин сурат оё имкон дорад, ки ҷаноби Усмонов «сафед» шавад ва ба озодӣ барояд, гуфт, «ҳоло дар амалиёти тафтишотӣ танҳо ин айб боқӣ мондааст, ки Урунбой Усмонов бо он ки аз тариқи фаъолиятҳои хабарнигориаш ба хотири таҳияи маводҳои журналистӣ бо аъзои Ҳизб-ут-таҳрир якчанд вохӯрӣ намуда ва аз онҳо адабиёти ҳизбро гирифтааст, аммо расман ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст. Мо талош мекунем, ба мақомот фаҳмонем, ки журналист дар чаҳорчӯби Қонуни ВАО фаъолият мекунад ва дар ин сурат вай наметавонад, манбаъи иттилоотии худро фош созад.»

Дар ҳар сурат хонум Воҳидова бар ин аст, ки мақомоти тафтишот бояд рисолати хабарнигории зерҳимояашро дарк кунанд ва ба амалкарди вай на бар асоси қонуни ҷиноӣ бархӯрд намоянд.

Бо ин ҳама Воҳидова изҳор мекунад, ки тафтишот идома дорад ва вай талош хоҳад кард, то аз ҳуқуқи зерҳимояаш дифоъ кунад.

Урунбой Усмонов, ба таърихи 13 июн аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ ва ифротгарои Ҳизб-ут-таҳрир боздошт гардид.

Боздошти Усмонов вокунишҳои байналмилалро дар пай дошт ва ҳамкорони вай дар дафтари марказии Би-Би-Сӣ дар Лондон низ ду мартаба дар рӯ ба рӯи сафорати Тоҷикистон дар Британия ба нишони эътироз ва ба ҳадафи озодии вай таҷаммӯъ карданд.

Урунбой Усмонов, ки беш аз 10 соли ахир ба унвони хабарнигори бахши Осиёи Марказии радиои Би-Би-Сӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд фаъолият мекунад, 59 сол дорад ва раҳбари бахши адабиёти узбакӣ дар Иттиҳоди нависандагони вилояти Суғдро бар дӯш дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG