Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомид Карзай, президенти Афғонистон аз Покистон даъват кардааст, ки оташборони кишварашро хотима бахшад.

Мақомоти Исломбод ин айбномаи Афғонистонро рад мекунанд, вале сарфи назар аз он, ташаннуҷи миёни ду кишвари ҳамсоя рӯ ба афзоиш аст.

Ба қавли мансабдорони манотиқи ноороми шарқи Афғонистон, рӯзҳои ахир ба асари оташи тӯпхонаи покистониҳо, камаш 30 афғони мулкӣ ва аз ҷумла 12 кӯдаку наврас ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи якшанбе Ҳомиди Карзай таъкид кард, ки дар тӯли чанд ҳафтаи ахир камаш 470 мушаки покистонӣ ба қаламрави вилоятҳои Кунару Нангарҳори Афғонистон исобат кардаанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ҳамлаҳо бояд фавран
Генерал Атҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон

мутаваққиф гарданд ва агар покистониҳо масъули ин ҳамлаҳо нестанд, онҳо бояд мушаххас кунанд, ки кӣ ин ҳамлаҳоро раҳандозӣ кардааст.

Покистон даст доштан дар ҳамлаҳоро рад мекунад. Генерал Атҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон мегӯяд, касе ҳадафмандона Афғонистонро мавриди оташ қарор надодааст. Ӯ афзуд, эҳтимолан ҳангоми бархӯрдҳои артиши Покистон бо ҷангҷӯён дар манотиқи миёни марзи Покистону Афғонистон, мушаке хато рафта бошад.

Чанде пеш нерӯҳои паймони НАТО аз вилояти Кунар берун шуда буданд. Бо ишора ба ин амал, баъзе мақомоти маҳаллии афғон даъват кардаанд, ки нерӯҳои байналмилалӣ дахолат
Генерал Зоҳир Азимӣ, сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон

намуда, имкон надиҳанд, ки мушакборон боиси низои бузургтаре шавад.

Вале сухангӯи вазорати мудофиаи Афғонистон генерал Зоҳир Азимӣ мегӯяд, ки агар сиёсатмадоррони афғон иҷозат диҳанд, артиши ин кишвар худ қодир аст, ки вазъро ором намояд.

Мансабдорони афғон мегӯянд, рӯзи ҷумъаи 24-уми июн нерӯҳои афғон бо оташи покистониҳо ҷавоб дод, вале оташи ҳамарӯза сабабгори фирори тахминан 2 ҳазор сокини осоишта ба манотиқи амнтари Афғонистон шудааст.
XS
SM
MD
LG