Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳузури низомии Русия дар Қирғизистон тақвият меёбад


Руслан Казахбоев

Руслан Казакбоев-вазири умури хориҷаи Қирғизистон мегӯяд, ки музокироти кишвараш дар бораи тавсеаи ҳузури низомии Русия дар Қирғизистон идома дорад. Масъалаи музокирот ба ташкили маркази омӯзишии низомӣ дар ҷануби Қирғизистон иртибот дорад. Казакбоев гуфтааст, ки дар поёни музокирот мувофиқатномае ба имзо мерасад ва тибқи он ҳамаи нируҳои низомӣ ва таъсисоти низомии Русия дар қаламрави Қирғизистон муттаҳид мешаванд. Ҳоло дар Русия пойгоҳи низомии Русия дар Кант фаъолият мекунад ва чанд таъсисоти дигари низомии Русия низ дар ин кишвар мавҷуд аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG