Пайвандҳои дастрасӣ

Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса мегӯяд, дар барои рушди нируи ҳастаии худ дар оянда 1,4 миллиард доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Ин бахше аз барномаҳои сармоягузорӣ дар бахши навовариҳои фановарӣ мебошад, ки 50 миллиард доллар сармоягузорӣ дар он пешбинӣ шудааст. Барои сармоягузорӣ ба 5 бахш бартарӣ қоил шудаанд: таҳсилоти олӣ ва коромӯзӣ, саноат ва соҳибкории хурд, рушди мудовим, таҳқиқот ва фановариҳои рақамӣ. Фаронса бештари нируи барқи худро дар ниругоҳҳои ҳастаӣ тавлид мекунад. Вале дар Олмони ҳамсоя баъд аз фоҷеа дар ниругоҳи Фукушимои Ҷопон аз нируи ҳастаӣ тадриҷан дур мешаванд.
XS
SM
MD
LG