Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон дар зиндон бемор аст


Алишер Кароматов

Алишер Кароматов

Хешовандони Алишер Кароматов-фаъоли ҳуқуқи башари Узбакистон, ки ҳоло дар зиндон қарор дорад, гуфтаанд, ки вай ба бемории сахт гирифтор аст. Кароматов 42 сол дорад ва аз 9 соли зиндон панҷ солашро сипарӣ кардааст. Кароматов барои фиребгарӣ ба додгоҳ кашонда шуда буд, гуноҳе, ки зуд-зуд ба фаъолони ҳуқуқи башар низ бор мекунанд. Намуна Кароматова-хонуми вай, ки ахиран дар зиндон бо вай мулоқот доштааст, мегӯяд, ки шавҳараш сахт бемори сил аст ва ҳангоми сулфа кардан хун мепартояд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG