Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон ҷашни "Ваҳдати Миллӣ"-ро баргузор арданд


Имрӯз дар саросари Тоҷикистон 14-умин солгарди ҷашни “Ваҳдати Миллӣ”-ро баргузор карданд. Дар остонаи ин ҷашн дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ҳамоише баргузор ва дар он Эмамалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури кишвар суханронӣ кард. Бахши аъзами суханронии президентро даъват ба таҳаммулпазирӣ ва шукргузорӣ дар бар мегирифт ва вай ба сокинони кишвар таъкид мекард, ки ба қадри ин лаҳзаву рӯзҳои осоишта бирасанд. Муҳиддин Кабирӣ-раиси ҲНИТ аз ҷониби дигари сулҳ ба радиои Озодӣ гуфт:

«Мо борҳо дар сӯҳбатҳои дӯстона таъкид кардаем, ки саҳми сулҳкунандагон ҳамаҷониба инъикос карда шавад ва яктарафа баҳо дода нашавад. Мутаасифона баъзе аз масъулин, ки аз муҳити онсолҳо дур ҳастанд, аҳамияти сулҳро аслан дарк намекунанд”.

Маросимҳои ҷашни “Рӯзи Ваҳдат” дар шаҳрҳову ноҳияҳои дигари Тоҷикистон низ баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG