Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон боздошт шуд


Бино ба хабари «Интерфакс-Казахстан», кормандони полиси Темиртау як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ қарор дошт, боздошт кардаанд. Дар ин бора Жанатай Сембеков-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ба матбуот хабар додааст. Аз шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад, вале тибқи хабар вай 26-июн дар бозори Темиртау боздошт шудааст. Ҳоло вай дар боздоштгоҳ қарор дорад ва масъалаи истирдодаш бо ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG