Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон партоби мушакҳо ба Афғонистонро рад кард


Артиши Покистон инкор кардааст, ки дар давоми ҳафтаҳои гузашта ба хоки Афғонистон садҳо мушак партоб накардааст. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон Покистонро муттаҳам кард, ки дар давоми се ҳафтаи гузашта артиши Покистон ба қаламрави Афғонистон 470 мушак партоб кардааст ва ин корро бояд фавран хотима диҳад. Генерал Атҳар Аббос-сухангӯи артиши Покистон гуфт, ки мумкин аст ғайричашмдошт дар ҷараёни амалиёти нируҳои амниятӣ бар зидди шӯришиён дар хоки Покистон чанд мушак ба қаламрави Афғонистон афтода бошад.
XS
SM
MD
LG