Пайвандҳои дастрасӣ

Дар маркази фарханги миллатҳои кишвари Краснодари Руссия ба ифтихори 100 - солагии шоири тавоно, қосиди сулҳу ваҳдати миллатҳо Мирзо Турсунзода нишасти адабӣ баргузор гардид.

Ин шаби “Назми шарқ", бо ташабусси созмони фарҳангӣ- миллии тоҷикони кишвари Краснодар “Меҳри Сомониён” доир гардид.

Навои дутори тоҷикӣ шаби “Назми шарқ”-ро ҳусни оғоз бахшид.

Раиси созмони фарханги миллии тоҷикони кишвари Краснодар “Меҳри Сомониён” Батиёр Ширинов ҳозиринро бо ҳаёту фаъолияти эҷодӣ, саҳми сиёсию ҷамъиятии бузургмарди тоҷик Мирзои Турсунзода шинос намуд.

Бахусус қайд намуд, ки нерӯи сухани Турсунзода чунон

ҷаззоб буд, ки ҷозибааш саросари ҷаҳонро фаро гирифт. Зеро дар маркази ҷозибаи суханаш шоир ҳамеша сулҳу ваҳдат, дӯстию рафоқат, ҳамбастагию садоқатро тарранум мекард. Суханонаш новобаста аз миллату нажод, дину оин ба дили ҳар як фарде ки онро мешунид роҳ меёфт. Зеро фармуди худи шоир аст, ки:
Дӯстиро ҷусту ҷӯ дорем мо, Аз аманӣ гуфтугӯ дорем мо...

Ҳамин аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Турсунзодаро ҳамчун сафири сулҳу дӯстӣ, муборизу васлдгари дӯстии байни миллатхо мешиносад. Бахусус қайд гардид, ки Турсунзода тайи 20 сол дирафши ҳамдилии кишвархои Осиё ва Африкаро дар даст шоиста нигоҳ дошт ва дар пайванди ин халқҳо саҳми арзанде ба мерос гузашт.

Муовини раиси маркази фарҳанги миллатҳои кишвари Краснодар Шамова Сафиэт Зауркановна аз номи тамоми созмонҳои миллии кишвар халқи тоҷик ва ҳозиринро ба ифтихори 100-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода табрик гуфта зикр кард, ки Турсунзода на танҳо мояи ифтихори мардуми тоҷик аст, балки ӯ гавҳари ҷилобахши шоистаи

ҷаҳонист. Агар ӯ чунин намебуд имрӯз дар саросари ҷаҳон таҳти қарори ЮНЕСКО нахустасрашро чунин таҷлил намекарданд

Ба намояндагӣ аз созмони ҷамъиятии арманҳои кишвари Краснодар Текин Ангин риштаи сухан гирифта муҳаббати эҷодиёт ва саҳми шоирро дар риштаи дӯстию рафоқот байни мардуми арману тоҷик арзёбӣ намуд. Муҳассилини макотиби кишвари Краснодар аз эҷодиёти шоир шаърҳо қироат намуданд.

Қисмати дуввуми шаби назмро сарояндаи хушсалиқа Бурхони Неъмат ва ровии он Сангиной Каримӣ бо таронаҳо ва шеърҳои хондаашон таровати бештаре бахшиданд.

Шаби назми фарзонафарзанди тоҷик Мирзои Турсунзода дар кишвари Краснодар хеле мутантану хотирмон гузашт.
XS
SM
MD
LG