Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости СММ аз порламонии Афғонистон


Порламони Афғонистон

Порламони Афғонистон

СММ аз порламони Афғонистон хостааст, аз иқдомоте пешгирӣ кунад, ки мумкин аст сабаби ташдиди бӯҳрони сисёсӣ шавад. Аъзои порламон аз дастури як додгоҳи вижа ба ғазаб омадаанд. Ин додгоҳ дастур додааст, ки 62 нафар аъзои порламон дар натиҷаи тақаллуб ба порламон роҳ ёфтаанд ва онҳо бояд курсиҳои худро дар порламон холӣ кунанд. Додгоҳи мазкур соли гузашта бо дастури Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон баъд аз он таъсис шуд, ки мухолифатҳо роҷеъ ба натиҷаҳои интихоботи моҳи сентябр авҷ гирифт. Аъзои порламони Афғонистон ба Стаффан де Мистура-намояндаи вижаи СММ барои Афғонистон нома фиристодаанд ва бар зидди додгоҳ аз маҳофили байналмиллалӣ кӯмак хостаанд ва ин додгоҳро ғайриқонунӣ арзёбӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG