Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Усмонов дар САҲА арзёбӣ шуд


Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар САҲА
Нуриддин Шамсов, сафири Тоҷикистон дар САҲА

Тоҷикистон дар САҲА боздошти хабарнигори Би- Би-Сӣ Урунбой Усмоновро шарҳ дод

Ҳафтаи гузашта дар Вена дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Маҷористон аз номи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи шароити фаъолият ва фазои кории воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла боздошти хабарнигори бахши узбакии Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ намуд.

Бо ташаббуси ҳайати Маҷористон ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои доимии САҲА баррасӣ гардид.

Сафири Тоҷикистон дар САҲА, Нуриддин Шамсов таъкид кард, ки 13-уми июн хабарнигори Би-Би-Сӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон, Урунбой Усмонови 59-сола бо иттиҳоми доштани иртибот бо созмони манъшудаи Ҳизб-ут-таҳрир боздошт шудааст. Сафир афзуд, ки як идда шоҳидон ин иттиҳомро тасдиқ кардаанд ва бар пояи он, 15-уми июн додгоҳ ба ҳабси пешакии Усмонов ҳукм баровард. Акнун тибқи қонунҳои Тоҷикистон, Усмонов метавонад барои муддати таҳқиқ то ду моҳи оянда дар боздоштгоҳ боқӣ бимонад.

Сафири Тоҷикистон дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) мегӯяд, дар Тоҷикистон кормандони воситаҳои ахбори умум ва хабарнигорон бо ҳеҷ гуна маҳдудият мувоҷеҳ нестанд. Ҳар муҳокимае, ки дар иртибот бо фаълияти хабарнигорон доир мешавад, бозу шаффоф ва бар пояи қонун аст.

Ба қавли сафири тоҷик, Усмонов, ки бо моддаи 307-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад, расман аз кӯмаки вакил даст кашидааст, вале сарфи назар аз он сар аз 21-уми июн ҳуқуқшинос Файзинисо Воҳидова ба ҳайси вакили мудофиаи ин хабарнигори Би-Би-Сӣ пазируфта шуд.

Дар изҳороти сафири Тоҷикистон гуфта мешавад, ки 18-уми июн аснои мулоқот бо Илҳоми Ҷамолиён, раҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Усмонов дидору гуфтугӯҳояш бо фаъолони Ҳизб-ут-таҳрир Шариф Ёқубов ва Яҳё Раҳмонхоҷаевро тасдиқ кардааст.

Дар ҳамин ҳол вакили мудофиаи Усмонов Файзинисо Воҳидова изҳор намуд, ки бар пояи қонунҳои Тоҷикистон ҳар гуна мулоқоти фарди боздоштшуда бо муфаттиш, рӯзноманигор ва ё каси дигаре бояд ҳатман дар ҳузури вакили мудофиа барпо шавад. Воҳидова ба Радиои Озодӣ гуфт, 23-уми июн дар Хуҷанд мулоқоти рӯ ба рӯи Усмонов бо аъзои Ҳизбуттаҳрир, ки дар он муфаттиш Саид Саймуддинов ва вакили мудофиаи Усмонов низ ҳузур доштанд, ҳар ду ҷониб иртиботи Усмонов бо созмони манъшудаи исломиро рад кардаанд.

Додгоҳи Олиии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2008-ум Ҳизб-ут-таҳрирро созмони экстремистӣ унвон дода, фаъолияташ дар қаламрави кишварро манъ кардааст. Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистон ваъда додаанд, ки қазияи Усмоновро ба таври шаффоф ва бар пояи қонунҳои байналмилалӣ идома медиҳанд.

УРУНБОЙ УСМОНОВ ЧӢ ГУНА БОЗДОШТ ШУД?

Урунбой Усмонов, бино ба хабари аҳли хонаводааш, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Оқои Усмонов пас аз даҳ рӯзи боздошт дар идораи амният, ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи хабарнигори боздоштшудати Би-Би-Сӣ, Урунбой Усмонов низ бар ин бовар аст, ки бо интиқоли зерҳимояаш ба СИЗО -и Хуҷанд имкони мулоқоти рӯ ба рӯ фароҳам хоҳад шуд.

Аз ҷониби дигар ба таъкиди хонум Абдураҳимова, ҳамсари Урунбой Усмонов: «вазъи саломатии шавҳарам, хуб нест, рангаш зард шудагӣ, хеле маъюс аст. Албатта акнун, ки ба СИЗО гузаронидаанд, умедворем, вазъаш беҳтар шавад, табибон кӯмак кунанд, мо ҳам аз ҳолаш хабардор шавем».

Ба таъкиди хонум Абдураҳимова, шавҳараш худро гунаҳкор намедонад ва дар пайи тӯҳмат ба чунин рӯзе гирифтор шудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи нигаронкунандаи шавҳараш, Малоҳат Абдураҳимова бори дигар аз раиси ҷумҳур хостааст, то дар озодии шавҳараш Урунбой Усмонов, кӯмаку мусоидати худро дареғ надорад.

Ин дар ҳолест, ки пайвандони Урунбой Усмонов дар ҳафтаи гузашта дар номаи саркушода аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буданд, ки барои озодии вай мусоидат кунанд.

Урунбой Усмоновро маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ба таърихи 13 июн ба гумони узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби таҳрир боздошт карданд. Аммо худи Урунбой Усмонов мегӯяд, боздошти вай ба фаъолияти журналистиаш вай рабт дорад.

Ҳамчунин вакили мудофеъ, идораи марказии Би-Би-Сӣ, созмонҳои байналмилали дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва бархе аз сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ низ ба ин нукта таъкид мекунанд.
XS
SM
MD
LG