Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни курд як сарбози Туркияро куштанд


Хабаргузории давлатии Туркия бо номи Анатолия гуфтааст, ки шӯришиёни курд дар шарқи Туркия дар ҳамлае аз камин як сарбозро кушта, се нафари дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Ин ҳамла шабона дар минтақаи дурафтодаи вилояти Ван дар марз бо Эрон рух додааст. Дар хабар омадааст, ки ин ҳамларо шӯришиёни Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей анҷом додаанд. Ин нируҳо аз соли 1984 ба ин сӯ барои худмухтории Курдистон мубориза мекунанд. Ахиран Абдулло Уҷалон-раҳбари ин ҳизб изҳор дошт, ки агар ҳукумати Туркия бо онҳо ба музокира нанишинад, имкони ташдиди хушунатҳо вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG