Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 26-уми июн ду бозии даври 19-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дар яке мизбонон ва дар бозии дигар меҳмонон ғолиб омаданд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар бар тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Маҳмадалӣ Содиқов дар нимаи аввали дидор (дар дақиқаи 11-ум) ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бар тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт. Ҳарсе гол дар нимаи дуввуми дидор зада шуд. Денис Сенчук, легионери “Хуҷанд”, дар дақиқаи 74-ум ҳисобро боз кард. Баъди 10 дақиқа Баҳодур Муродов ҳисобро афзун намуд. Голи севумро Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 90-ум зад.

Воқеъан, пеш аз ин бозӣ сармураббии “Шодмон” Рустам Қурбонов ва ёвари ӯ Ҳикмат Фузайлов барои натиҷаҳои ғайриқаноатбахш аз вазифаашон сабукдӯш шуда буданд. Дар бозӣ бо “Хуҷанд” иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Шодмон” Фаррух Севинов буд.

Бозии севуми даври 19-ум бегоҳи 27-уми июн дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Гвардия”-и Душанбе баргузор мешавад.

Ёқовар мешавем, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 19-уми сабқати Лигаи олии кишвар миёни дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат - “Равшан”-и Кӯлоб ва ССКА “Помир”-и Душанбе - “Вахш”-и Қӯрғонтеппа аз 26-уми июн ба мӯҳлати дертар гузошта шуд.

Ғалабаи 12-ум ба “Истиқлол” имкон дод, ки бо 37 хол дар ҷадвали мусобиқа ба ҷойи аввал барояд. «Равшан» бо 35 имтиёз дар ҷои дуввум аст. «Хайр» бо 29 имтиёз дар ҷои севум қарор дорад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) бо 11 гол дар ҷойи аввал мебошад. Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 10-голӣ задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Истиқлол" 14 12 1 1 31-7 37
2. "Равшан" 16 11 2 3 31-11 35
3. "Хайр" 15 9 2 4 27-15 29
4. "Регар-ТадАЗ" 14 8 3 3 27-14 27
5. "Энергетик" 16 7 2 7 21-22 23
6. "Хуҷанд" 16 6 4 6 19-21 22
7. "Вахш" 16 6 1 9 16-18 19
8. ССКА “Помир” 16 6 1 9 24-29 19
9. "Парвоз" 17 5 2 10 18-35 17
10. “Шодмон” 17 4 2 11 19-33 14
11. "Гвардия" 15 1 2 12 12-40 5

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG