Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши ҷонибдорону мухолифини ислоҳот дар Марокаш


Дирӯз дар чанд шаҳри Марокаш намоишҳои ҷонибдорон ва мухолифони ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки аз сӯи шоҳ Муҳаммади чаҳор пешниҳод шудааст, баргузор гардид.

Фаъолони ҷунбиши мухолифин мавсум ба «20 феврал» тағйиротеро, ки шоҳ рӯзи 17 июн эълом дошт, нокофӣ мехонанд. Муҳаммади чаҳор изҳор намуд, ки бархе аз ваколатҳояшро дар ихтиёри парлумон вомегузорад ва аммо назорат аз болои артиш, хадамоти амният ва масоили мазҳабиро дар ихтиёр хоҳад дошт.

Рӯзи 1 июл дар Марокаш референдум оид ба қабули Қонуни асосии нав баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG