Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теҳрон Брюселро дар тарғиботи зиддиэронӣ айбдор кард


Эрон иттиҳоми Иттиҳодияи Аврупо дар бораи ширкати Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ дар Сурияро рад кард.

Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон, изҳор намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба тарғиботи зиддиэронӣ машғул аст.

Рӯзи ҷумъа Иттиҳодияи Аврупо алайҳи се тан аз раҳбарони Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ - Қосим Сулаймонӣ, Ҳусейн Тайиб ва Муҳаммадалии Ҷаъфарӣ таҳримҳо эълон кард. Сафарҳои онҳо ба кишварҳои аврупоӣ мамнӯъ эълон ва ҳисобҳои бонкияшон мунҷамид шуд.

Брюссел мутмаин аст, ки онҳо ба режими Башор Асад дар саркӯбсозии ҳамоишҳои эътирозӣ дар Сурия кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG