Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як ҳамла ба пойгоҳи низомии Зинҷибар


Дар ҷануби Яман гурӯҳи ҷангиён ба пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Зинҷибар ҳамла кард.

Намояндаи вазорати дифоъи Яман ба хабаргузории France-Presse гуфтааст, ки дар задухӯрд ду тан аз низомиёни ҳукуматӣ ва ҳафт нафари ҷангиён кушта шудаанд.

Баъд аз он ки шаҳри Зинҷибар охири моҳи май аз сӯи як гурӯҳи мусаллаҳи ифрогароҳо ишғол шуд, пойгоҳи низомӣ пайваста мавриди ҳамла қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG