Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай Покистонро дар зарбаҳои мушакӣ айбдор кард


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай Покистони ҳамсояро дар партоби 470 мушак ба ду вилояти шарқии Кунар ва Нангарҳор дар тӯли се ҳафтаи ахир айбдор кард.

Ӯ дар ин ҳамлаҳо низомиёни ҳукуматаии Покистонро масъул донист ва талаб кард, ки ба зарбаҳои мушакӣ хотима дода шавад.

Ба иттилоъи низомиёни НАТО, рӯзи якшанбе дар Афғонистон панҷ сарбози паймон кушта шудаанд. Ҷузъиёти ҳалокати ин сарбозон алҳол зери даст нест.

Моҳи равон дасти кам 53 тан ва аз аввали сол беш аз 200 низомии НАТО дар Афғонистон ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG