Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Яман ба мардуми кишвараш паём хоҳад дод


Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ қарор аст, дар 48 соати оянда бо паёме ба мардуми кишвари худ муроҷиат кунад. Муншии ӯ, Аҳмад ал-Сӯфӣ дар ин бора ба телевизиони Ал-Арабия хабар дод. Солеҳ дар бемористоне дар Арабистони Саудист ва захмҳои ҷиддиеро аз ҳамлаи аввали ин моҳ ба ӯ муолиҷа мекунад. Вай дарҳол пас аз ҳамла як паёми кӯтоҳи радиоӣ пахш карда буд, аммо аз нишасти хабарӣ худдорӣ кард ва нафастангии ӯ сабаби ақидаҳое гашт, ки вазъи ӯ ба он гунае ки мақомоти мегӯянд, хуб нест. Ал-Сӯфӣ мушаххас накард, ки Солеҳ аз Саудия ба мардум муроҷиат кард ё аз Яман ва оё ин як сӯҳбати телевизионӣ хоҳад буд ё радиоӣ. Миллионҳо нафар аз аҳолии Яман талаб доранд, Солеҳ, ки 32 сол боз дар сари қудрат аст, ба истеъфо равад. Бино бар иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар дар раванди саркӯби тазоҳурот аз тарафи давлат дар Яман зиёда аз 350 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG