Пайвандҳои дастрасӣ

Киштии мансуб ба Салиби Сурх, ки 100 нафар аз дармондагони Бенғозиро меовард, имрӯз дар бандари Троблус, пойтахти Либия лангар андохт. Сухангӯи Кумитаи Байнулмилалии Салиби Сурх Робин Воуда гуфт, асосан занон, солмандон ва кӯдаконе интиқол дода шуданд, кибо шурӯи нооромиҳо дар Бенғозӣ дармонда буданд ва акнун бо хонаводаҳои худ пайвастанд. Муҳаммад Саъд, яке аз бозгаштагон мегӯяд:

"Ҳамаи оилаи ман дар Троблус аст ва ман бо маъмурияте дар Бенғозӣ кор мекардам ва ҳоло имкон ёфтам, ки баргардам. Авзоъ дар Бенғозӣ хуб нест, аммо миёна аст. Онҷо баъзе бесарусомониҳои мусаллаҳона рух медиҳад.”

Шӯриш зидди раҳбари деринаи Либия Муаммар Қаззофӣ ин кишварро ба нооромӣ ғарқ кард ва ба мудохилаи низомии байнулмилалӣ барои ҳимоят аз мардуми осоишта сабаб гашт.
XS
SM
MD
LG