Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон иттиҳомоти ИА-ро дар мавриди Сурия рад кард


Эрон имрӯз иттиҳомоти Иттиҳоди Аврупоро дар бобати даст доштани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар амалиёти саркӯбгарона дар Сурия рад кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпараст гуфт, “Ин фақат як таблиғоти Иттиҳоди Аврупо зидди Эрон аст.” Иттиҳоди Аврупо рӯзи 24-уми июн се мақоми аршади горди инқилобии Эронро зимни иттиҳоми расондани таҷҳизот ва икмолот ба режими Сурия аз иҷозаи сафар ба Аврупо маҳрум ва дороии онҳоро мунҷамид кард.
XS
SM
MD
LG