Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Сердюков ба Душанбе наомад?


Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия
Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия

Вазири дифои Русия сафари худро ба Тоҷикистон лағв кард ва таърихи наве барои ин сафар эълон нашудааст.

Бархе расонаҳо навишта буданд, ки эҳтимолан барномаи сафари Э. Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон боиси тағйир дар барномаи сафари оқои Сердюков ба Душанбе шудааст.

ЧАРО СЕРДЮКОВ БА ДУШАНБЕ НАОМАД?

Аммо акнун бархе расонаҳои наздик ба Кремл ва вазорати дифои Русия навиштаанд, ки ба тавофуқ нарасидани ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистон ва Русия бар сари созишномаи ҳамкориҳои марзӣ миёни ду кишвар, боиси лағви сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон шудааст.



Ҳамчунин ба рағми иддаои бархе расонаҳо, ки аз қавли мақомоти вазорати хориҷии Тоҷикистон аз тавофуқи тарафҳо бар сари созишномаи нави ҳамкориҳои марзӣ миёни Душанбе ва Маскав хабар доданд, манобеи огоҳ мегӯянд, ки ҷонибҳо то кунун бар сари ҷузъиёти ин созишнома даст наёфтаанд ва ин сабаби аслии лағви сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистон шудааст. Бар иловаи ин, назариёти ҳар ду ҷониб дар масъалаи баҳрабардорӣ аз фурудгоҳи низомии Айнӣ ҳам то кунун фосила дорад. Ва Русия посухи мушаххас дар ин маврид аз ҷониби Тоҷикистон дарёфт накардааст.

"СЕРДЮКОВ МЕОЯД, ДЕРТАР."

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон низ лағви барномаи сафари вазири дифои Русия ба Тоҷикистонро таъйид, аммо роҷеъ ба сабаби лағви сафари оқои Сердюков изҳори бехабарӣ кардаанд. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон дар ин бора мегӯяд: «Сафар ба таъхир гузошта шуд, шояд сабабҳо дошта бошад, ки ба ҳайати роҳбари худи вазорати дифои Русия маълум бошад. То охири моҳ доир мешавад ин сафар.»

Ин дар ҳолест, ки пойгоҳҳои иттилоотии наздик ба низомиёни Русия низ аз қавли манобеъи худ дар ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия менависад, ки ҳадафи аслии сафари Сердюков ба Душанбе, густариши ҳузури низомии Русия дар марзҳои Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз он кишвари ҳамсояи Тоҷикистон буд.

РУСИЯ ДАР САР ҲАВОИ БАРГАШТАН ДОРАД

Русия мехоҳад, ки назорати марз бо Афғонистон тавассути баргардонидани қисме аз ҷузвутомҳои худ ба соҳили Панҷро барқарор кунад. Ҳадафи ин иқдом тақвият ва ҳимояи пойгоҳи низомии 201 Русия дар дохили хоки Тоҷикистон аст. Аммо
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Бадахшон

ин манбаъ дар Ситоди кулли нерӯҳои Русия гуфтааст, ҷонибҳо бар сари ин масъала ба тавофуқ нарасиданд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки бозгашти нерӯҳои марзбони рус ба марзҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ба сурати куллӣ дар музокироти ду ҷониб матраҳ нест. Вале Виктор Иванов, раҳбари хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия ва Максим Пешков, сафири пешини Русия дар Душанбе аз майли Русия барои бозгашт ба марзҳои Тоҷикистон сӯҳбат намуда ва онро дар ростои манофеи Русия унвон карда буданд.

МУЗОКИРОТИ "БЕНАТИҶА"-И ҶОНИБҲО

Тоҷикистон ва Русия аз ду моҳи пеш то кунун бар сари созишномаи нави ҳузури мушовирони русӣ дар ҳайати нерӯҳои марзбонии тоҷик ба гуфтугӯ нишастаанд, аммо ин музокирот то кунун натиҷа надодааст. Дар моҳи майи соли равон, замони эътибори созишномаи ҳузури муовирони русӣ дар марзҳои Тоҷикистон ба сар омад.

Мақомоти Тоҷикистон бино ба гуфтаи бархе манобеъи наздик ба мушовирони русӣ, на танҳо ба бозгашти марзбонони рус, балки ба ҳузури мушовирони марзбонӣ ба сурати кунунӣ ҳам мухолиф ҳастанд. Ин мушовирон таҳти унвони Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия дар Тоҷикистон амал мекунанд, ки ном ва мақоми хадамотии он ба мақомоти Тоҷикистон писанд нест. Ва пешниҳоди Тоҷикистон ин аст, ки он бояд тағйири ном кунад ва мақоми оперативӣ ва фаврӣ надошта бошад, балки як намояндагии оддӣ бошад. Амре, ки ҷониби Русия ба он мувофиқ нест.

САРДИИ РАВОБИТ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ


Тоҷикистон бо Русия феълан муносиботи хуберо пушти сар намекунад ва иллати сардии муносиботи ду ҷониб ба гуфтаи коршиносон, ҳосил нашудани тавофуқ бар сари саҳмияҳои нерӯгоҳи ниматамоми Роғун, истифодаи пойгоҳи Айнӣ ва баҳси ҳузури русҳо дар ҳимояи марзҳо ва мухолифати Душанбе ба он мебошад.

Марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва Чин то соли 2004 тавассути нерӯҳои русӣ назорат мешуд. Дар соли 2004 марзбонони тоҷик ҳифозати марзҳои Тоҷикистонро ба сурати куллӣ ба дасти худ гирифтанд. Ва аз нерӯҳои русӣ танҳо ҳайате аз мушовирон боқӣ монд, ки зарурати ҳузури онҳо низ акнун мавриди баҳс аст.
XS
SM
MD
LG