Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Теҳрон, пойтахти Эрон иҷлоси байнулмилалии зидди терроризм кори худро хотима дод.

Дар он чанд изҳороте садо дод, ки таваҷҷӯҳи расонаҳои ҳамагониро ба худ кашид ва ҳам тавофуқу созишҳое ба миён афтод, ки мумкин аст нахустин нишонаҳои воқеиятҳои нави геостратегӣ дар минтақа бошанд.

БАЁНИЯҲОИ ТУНДУТЕЗ

Бори аввали нест, ки раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод қазияи Ҳолокост ё қатли оми 6 миллион яҳудиро дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум зери суол мебарад. Вале ин бор вай ду рӯйдодро ба ҳам монанд кард, ки яке Ҳолокост буд ва дигаре ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр ба Иёлоти Муттаҳида.

Вай гуфт: “Ҳодисаи 11-уми септомбр бисёр шабеҳи моҷарои Ҳолокост аст. Бархе мӯътақиданд, ҳадаф аз моҷарои 11-уми септомбр эҷоди фазои танаффус барои режими ҷаълии сайҳунистӣ, тақвияти номанӣ дар кишварҳои минтақава албатта, пур кардани ҷайби сармоядорони ҷангталаб ва бефарҳанг будааст.”

Аммо раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар баёни матлаб ошкортар буд ва Иёлоти Муттаҳидаро дар терроризм муттаҳам кард. Дар ҳамоиш номаи ӯ қироат шуд, ки дар он гуфта мешуд, Вошингтон “рафтори террористона дошта”, аз созмонҳои террористии Ховари Миёна “ҳимояти молӣ ва низомӣ мекунад.”

Рабҳари олии Эрон аз ширкаткунандагони ҳамоиш хост, таърифи, ба гуфтаи ӯ, “воқеӣ”-и терроризмро дар миён гузоранд, чун Ғарб аз ин истилоҳ ба манофеи худ сӯистифода мекунад.

ТАЪРИФИ ТЕРРОРИЗМ

Формулбандии таърифи “дуруст”-и терроризм кори як ҳамоиши дурӯза буда наметавонист, зеро ҳанӯз сар аз солҳои 1990-ум ин талош борҳо дар ҷаласаҳои гуногун, ҳатто нишастҳои махсуси Созмони Милал ба нокомӣ анҷомидааст.

Айни як гурӯҳ ё созмонҳоро бархе аз кишварҳо “муборизони миллию озодихоҳӣ” меноманд ва кишварҳои дигар “террористу ситезаҷӯ”. Баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Амрико истилоҳи “терроризм” ба ҳар навъе ки бошад, бо номи ислом ва мусулмонон кафшер гашт. Ин буд, ки президентҳои Афғонистон ва Тоҷикистон, Ҳомид Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон ба ин нукта ишора намуданд.

Карзай гуфт: “Дар ҳоле ки бештарин қурбониёни терроризмро аз Афғонистон, Покистон, Ироқ ва кишварҳои дигари исломӣ ва ҷойҳои дигар мусулмонон ташкил медиҳанд, ифротгарон бо сӯистифода аз номи дини муқаддаси мо талош мекунанд, то куштор ва қатли бегуноҳонро тавҷеҳ кунанд.”

Раҳмон гуфт: “Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард.”

Дар нишасти Теҳрон низ навиштани таърифи муносиби терроризм бо мушкил рӯбарӯ гашт. Кишварҳое буданд, ки мисли Ироқ ҳамарӯз аз терроризм қаламравашон хунин мешавад ва кишварҳое, мисли Судон, ки дастаҳои шибҳинизомияшон то дирӯз биёбони Дорфурро барои қавмҳои ғайриараб ба дӯзахи рӯи замин табдил медоданд.

Ё мисли Покистон, ки терроризми зидди худро танқид мекунанд, аммо ба терроризми зидди Ҳиндустон “бетараф" аст.

АНГЕЗАҲОИ ЭРОН

Вале оё манзури Эрон аз ташкили чунин ҳамоиш чӣ буда метавонад. Он ҳам дар ҳоле ки Амрико ва Ғарб худи Ҷумҳурии Исломиро дар ҳимоят аз гурӯҳ ва созмонҳои террористӣ дар Ховари Миёна муттаҳам мекунанд.

Ҳанӯз пеш аз оғози ҳамоиш бархе аз таҳлилгарон ҳадс заданд, ки Эрон мехоҳад, бар замми пахши шиорҳои доимии хеш заминаҳоеро бипармосад, ки бо тағйири эҳтимолии авзои геополитикӣ дар минтақа, махсусан дар шарқтари қаламрави худаш, чӣ нақше метавонад бар дӯшаш фуруд ояд.

Амрико ба хуруҷи тадриҷии худ аз Афғонистон омодагӣ мегирад ва нахустин аломатҳои онро раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама дар паёми ахираш падидор сохт. Ин оғоз, қатъи назар, ки анҷомаш ҳанӯз намудор нест, аллакай Русия ва Чинро ба фаъолияти бештар дар минтақа водор кардааст. Русия роҳҳои тақвияти нуфузи худ дар Осиёи Марказиро бознигарӣ мекунад ва Чин омодааст, бо Покистон ҳамкориҳои низомию фаннияшро густариш диҳад.

Табъан, Теҳрон дар пайи он аст, ки аз ин фароянд канор намонад. Яке аз натиҷаҳои ҳамоиши Теҳрон ин буд, ки ҳарчанд таърифи ягонаи терроризм ба даст наомад, Эрон, Афғонистон ва Покистон эъломияи муборизаи муштарак бо ситезаҷӯиро ба имзо расонданд.

Дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҳамаи тарафҳо садоқати хешро ба талошҳои решакан кардани тундгароӣ, ситезаҷӯӣ, терроризм ва ҳамчунин радди мудохилаи хориҷие таъкид мекунанд, ки мухолифати ошкоро бо рӯҳияи исломӣ, суннатҳои сулҳомези фарҳангӣ ва манофеи мардуми минтақа дошта бошад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG