Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зидди тавсеаталабии Чин дар Ветнам


Даҳҳо нафар дар Ветнам зидди густаришталабии Чин даст ба тазоҳурот заданд. Онҳо Чинро айбдор карданд, ки ба қисмати ветнамии Баҳри ҷанубии Чин ворид шудааст ва аз ҳукумати Ветнам талаб карданд, аз вуруди Чин ба ин обҳо пешгирӣ кунад. Тазоҳурот дар Ветнами коммунистӣ падидаи нодир аст ва одатан хеле зуд аз тарафи нерӯҳои амниятӣ саркӯб мешавад. Вале ин дафъа мақомот иҷоза доданд, ки норозиён дар майдони марказии Ҳаной, пойтахти Ветнам гирдиҳамоӣ кунанд. Чин ва Ветнам баъд аз даргириҳо дар Баҳри ҷанубии Чин сари мансубияти ин қаламрав вориди як баҳси шадиди дипломатӣ шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG