Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Афви Байнулмилал аз талоши фаъолони тоҷик


Созмони Афви Байнулмилал дар як изҳорот аз ташаббуси созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон барои решакан кардани шиканҷа истиқбол кард. Ин ниҳоди ҷаҳонӣ мегӯяд, эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар изҳороти муштараки хеш аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ӯҳдадрориҳои байнулмилалии худро барои қатъи шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон иҷро кунад. Дар ин санад аз афзоиши мавридҳои шиканҷа ва нотамомии ислоҳоти риштаи адлия дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шуда, чандин мисоли латукӯб ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон зикр ёфтааст, ки барҷастатаорини онҳо фавти шаҳрванд Сафаралӣ Сангов баъд аз боздошт аз тарафи полис аст. Созмони Афви Байнулмилал ба зери изҳороти эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон имзои хешро илова кардааст.
XS
SM
MD
LG