Пайвандҳои дастрасӣ

Либия НАТО-ро ба қатли 15 шаҳрванд муттаҳам кард


Мақомоти Либия нерӯҳои НАТО-ро ба қатли 15 нафар дар як зарбаи ҳавоӣ муттаҳам карданд. Онҳо мегӯянд, ҳавопаймоҳои НАТО як ресторан ва нонвойхонаро дар Брега, шарқи кишвар ҳадаф қарор додаанд. Хабаргузории давлатии Либия мегӯяд, 20 нафари дигар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд. Аз ҷониби НАТО ягон изҳороти расмӣ дар ин бора мунташир нашудааст. Дар тазоҳуроти тарафдорони Қаззофӣ ва телевзиони давлатии Либия акси занону кӯдакон, ки гӯё дар ин бомбаборонҳо ба ҳалокат расидаанд, намоиш дода мешавад. НАТО бо таҳқиқи айни иттиҳоми ҳалокати афроди осоишта дар зарбаҳои 19-уми июн аст.
XS
SM
MD
LG