Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон мегӯянд, ки тарҳи хуруҷи 33 000 сарбози амрикоӣ аз Афғонистон, амалиёт алайҳи Толибонро душвор хоҳад сохт.

Ба навиштаи рӯзномаи Ню-Йорк Таймс, фармондеҳони аршади артиши Амрико мегӯянд, барномаи онҳо барои соли оянда ин аст, ки назорати низомии манотиқеро, ки тайи як соли гузашта дар шарқ ва ҷануби Афғонистон ба контрол дароварда буданд, ба нерӯҳои афғон вогузор кунанд. Сипас бо истифода аз нерӯҳое, ки аз ин масъулият озод мешаванд, таҳоҷум барои нуфуз ба манотиқи марзӣ бо Покистонро, ки маҳалли аслии фаъолияти шӯришиён аст, ба пеш бибаранд.

Аммо бар асоси тарҳи хуруҷи 33 ҳазор нафар аз нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, дигар қодир ба пешбурди ин тарҳ нахоҳад буд.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс ёддоварӣ мекунад, ки тарҳи Барак Обама барои коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ду бахш дорад. Дар марҳалаи аввал то поёни соли ҷорӣ ҳудуди 10 ҳазор нафар аз ин нерӯҳо аз Афғонистон хориҷ мешаванд, ки ду баробар рақаме аст, ки фармондеҳони низомӣ бо он мувофиқат карда буданд. Ва дар гоми баъдӣ тайи соли оянда ва қабл аз шурӯи тобистон, ҳудуди 20 ҳазор нафари дигар, ки боқимондаи нерӯҳои эъзомӣ дар соли 2009 буданд, аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд.

Зоҳиран марҳилаи аввали ин ақибнишӣ, тағйироти чандоне дар қудрати амалиёти нерӯҳои амрикоӣ эҷод нахоҳад кард. Чун хуруҷи онҳо пас аз поёни тобистон хоҳад буд. Аз авохири тирамоҳ даргириҳо маъмулан дар Афғонистон рӯ ба коҳиш гузошта ва бо таваҷҷуҳ ба сармои шадид дар гузаргоҳҳои кӯҳистонии марзи Покистон, тавони шӯришиён барои рафту омад ва нақлу интиқоли тадорукот коҳиш меёбад.

Генерали бознишастаи Давид Барно, ки дар солҳои 2003 то 2005 аз фармондеҳони аршади артиши Амрико дар Афғонистон буд, мегӯяд: «Хуруҷи 10 ҳазор нафар аз нерӯҳо то моҳи декабр бештар ва сареътар аз он чизе аст, ки фармондеҳони низомӣ бо он мувофиқ буданд. Бо ин вуҷуд метавон ин ҳад аз коҳиши нерӯро бидуни он, ки таъсири амалиётии муҳиме дошта бошад, мудирият кард. Вале хориҷ кардани 20 ҳазор нафари дигар дар тобистони соли оянда, ки давраи авҷи даргириҳост, нигаронии шадидеро эҷод кардааст.»

Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» сипас аз қавли O’Ҳанлон аз пажӯҳишгарони аршади умури амниятӣ менависад, ки хориҷ кардани нерӯҳо дар моҳи декабр ба ин маъно хоҳад буд, ки аксари ин воҳидҳо аз чанд моҳ қабл ба ҳузури амалиёти худ поён хоҳанд дод. Бинобар ин бахши умдае аз онҳо дар моҳҳои муҳими баҳор ва тобистон амалан аз саҳнаи пайкор ба дур хоҳанд буд.

Ин пажӯҳишгари умури амниятӣ меафзояд: «Бар асоси тарҳи раиси ҷумҳур, нерӯҳои артиши Амрико бахши умдае аз моҳҳои баҳор ва тобистони соли ояндаро бояд сарфи таҷдиди созмон ва ҷобаҷоии нерӯҳо кунанд дар ҳоле, ки ин бахш аз сол қоидатан муносибтарин фасл барои тасарруфи манотиқи таҳти контроли шӯришиён аст.»

Генерал Давид Борно ва О"Ҳанлон дар айни ҳол мегӯянд, ки аз нигоҳи мантиқи низомӣ, наметавон ва набояд дар миёнаи як корзори таҳоҷумӣ, ки ҳанӯз ба поён нарасидааст, коҳиш ва хуруҷи нерӯҳои амалиётиро эълом кард. Чунин тасмиме дар воқеъ поёни бошитоб ба як амалиёти таҳоҷумӣ аст, ки дар ду соли гузашта муваффақомез будааст.

Рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» ёддоварӣ мекунад, ки ҳатто пас аз хуруҷи нерӯҳои амалиёти мавсум ба «Нуфуз», ки дар маҷмӯъ 33 ҳазор нафар шомил шуда ва аз соли 2009 ба Афғонистон эъзом шудаанд, ҳанӯз 68 ҳазор нафар аз нерӯҳои артиши Амрико дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, ки шумораи бузурге аст. Теъдоди афроди артиши миллӣ ва нерӯҳои интизомии Афғонистон то поёни соли ҷорӣ ба ҳудуди 300 ҳазор хоҳад расид, вале ҳанӯз ҳам дар мавриди тавоноиҳои онҳо тардидҳои ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Мақомоти вазорати дифои Амрико мегӯянд, ки генерал Давид Петреус, сарфармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон ва Роберт Гетс, вазири дифоъ ҳар ду дар мавриди зудрас будан ва шитоб дар хуруҷи нерӯҳои амалиётӣ ҳушдор дода гуфтаанд, ки ин тарҳ мумкин аст аҳдофи амалиёти муваффақомези ду соли ахирро ба хатар биандозад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG