Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки ҳукумати Сурия саркӯбгарии норозиёнро ба манотиқи рустоӣ густариш медиҳад, тонкҳои ин кишвар ба деҳоте дар наздикии марзи Туркия ворид шуданд. Ин дар ҳолест, ки аз тарси ҷон наздик ба 12 ҳазор сокини ин деҳот ба Туркия фирор кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, нерӯҳои амниятии Сурия дар ҳамла ба тазоҳуркунандагон дар шаҳрҳои Димишқ. Ҳумс ва Кисво дастикам 18 нафарро куштаанд. Тазоҳуркунандагон барканории режими президент Башор Асадро талаб мекунанд. Телевизиони давлатии Сурия афроди мусаллаҳро дар қатли шаҳрвандон дар ноҳияи Барзах айбдор кардааст.
XS
SM
MD
LG