Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод аз минбари конфаронси байнулмилалии зидди терроризм Ғарбро сармоягузор ва пуштибони хушунатҳои сиёсие номид, ки зидди мардуми осоишта роҳандозӣ мешаванд. Вай ба ҳайатҳое, ки аз ҷумла аз сарони Ироқ, Афғонистон, Покистон, Судон ва Тоҷикистон иборат буданд, гуфт, Вошингтон, Исроил ва Аврупо “аз афрод ва гурӯҳҳое” пуштибонӣ мекунанд, ки масъули чунин хушунатҳоянд. Дар ҳамоиш номаи раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ қироат шуд, ки дар он гуфта мешуд, Вошингтон “рафтори террористона дошта”, аз созмонҳои террористии Ховари Миёна “ҳимояти молӣ ва низомӣ мекунад.” Дар нишасти дурӯзаи байнулмилалӣ дар Теҳрон президентҳои Судон ва Тоҷикистон, ноиб-президентҳо ва сарвазирони чанд кишвари дигар ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG