Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари ёвари вазири умури хориҷии Амрико ба Тоҷикистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномаи наверо таҳти унвони Ташаббуси Осиёи Марказӣ зидди маводи мухаддир муаррифӣ хоҳад кард. Ба ин муносибат ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Вилям Браунфилд тайи як ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия сафар мекунад. Ҳадаф аз барномаи нав такмили тавонмандиҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон аст. Он инчунин ҳамоҳангии ин талошҳоро бо муборизаи зидди маводи мухаддир дар Афғонистон низ дар назар дорад. Ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури назорат бар маводи мухаддир ва мубориза бо ҷинояткорӣ ҳамчунин аз марзи Тоҷикистону Афғонистон дидан хоҳад кард. Дидору гуфтушунидҳои ӯ дар Маскав ба ҳамоҳангии бештари Иёлоти Муттаҳида ва Русия дар кӯмак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бахшида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG