Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Тоҷикистон ба амали ҳайати Узбакистон дар СММ


Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ
Сироҷиддин Аслов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, Сироҷиддин Аслов дар нома ба унвони Дабири кулли ин созмон ва санади дар Маҷмаи умумии Созмони Милал паҳнкардаи ҳайати Узбакистонро нодуруст номид ва онро шарҳ дод. Ин санади тарафи Узбакистон бо номи “Захираҳои об – асоси рушди пойдор ва пешрафти оянда” ба намояндагии кишварҳои узви Созмони Милал тавзеъ шудааст. Дар номаи намояндаи Тоҷикистон гуфта мешавад, дар санади интишордодаи намояндагии Узбакистон вазъи истифода аз захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба таври нодруруст қаламдод шуда, дар баёни натиҷаҳои конфаронси Тошканд, ки 12-ум ва 13-уми май баргузор шудааст, таҳриф ва пешдоварӣ роҳ ёфтааст. Дар номаи ҷавобӣ, ки намояндаи Тоҷикистон нашр ва баррасии онро дар Созмони Милал тақозо мекунад, шарҳи мавзӯъ аз нигоҳи Тоҷикистон қаламдод шудааст.
XS
SM
MD
LG