Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Амрико ва Аврупо аз парвандаи Тимошенко


Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо муҳокимаи нахуствазири пешини Украина, Юлия Тимошенкоро дар додгоҳи украин бо иттиҳоми сӯистифода аз қудрат маҳкум карданд.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Виктория Нуланд гуфт, нигароние дар миён аст, ки парванда зоҳиран “ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ҳадафаш муҷозоти намояндаи мухолифон аст.

Нуланд дар Вошингтон дар баробари хабарнигорон гуфт: “Бо истифода аз ин фурсат, такрор мекунам, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин муҳокимаи зоҳиран дорои ангезаҳои сиёсӣ бо ҳадафи муҷозоти чеҳраҳои мухолиф дар Украина нигарон аст. Вақте раҳбари аршади як ҳизби мухолиф ба таври номутаносиб бо чеҳраҳои дигари сиёсӣ ҳадафи таҳқиқ қарор мегирад, ин ҳол зоҳири ангезаи сиёсиро эҷод мекунад.”

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Украина, Ҳосе Мануэл Пинтон Тексейра, ки дар муҳокима ширкат доштааст, шароити баргузории муҳокимаро “ғайрииинсонӣ” унвон кард.

Хонуми Тимошенко, яке аз раҳбарони Инқилоби норанҷии соли 2004 ба сӯистифода аз мақоми сарвазирӣ ҳангоми имзои созишномаи гази табии Русия дар соли 2009 айбдор мешавад ва муфаттишон мегӯянд, нархи газ хеле баланд таъйин шуда, қарордод бе тасвиб ба имзо расидааст. Бино ба гуфтаи додситонӣ, аз ин қарордод будҷаи Украина 190 миллион доллар зарар дидааст. Барои чунин иттиҳом аз 7 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Тимошенко иттиҳомотро рад мекунад ва онро фишори Янукович дар ростои интихоботҳои нави порлумонӣ ва президентӣ меномад. Вай мегӯяд, ки парвандаи вай ангезаи сиёсӣ дорад ва ташаббускори боз кардани ин парванда Виктор Янукович-раиси ҷумҳур аст.

“Касе шак надорад, ки додситоиву додгоҳ хусусӣ карда шудаанд. Адолат вуҷуд надорад. Барои ҳамин аст, ки имрӯз он чӣ мегузарад, масъулияти шахсӣ ва қасоси шахсии Янукович бар зидди рақибони аслии сиёсиаш аст.”

Дар интихоботи президентии соли гузаштаи Украина хонуми Тимошенко рақиби асосии президенти феълии Украина Виктор Янукович буд ва бо тафовути хеле кам ин сабқатро ба ӯ бохт.
Тазоҳуроти тарафдорони Тимошенко дар беруни додгоҳи Киев, 24-уми июни соли 2011.

Тимошенко ва тарафдоронаш ҳангоми вуруд ба Додгоҳи ноҳиявии шаҳри Киев, 24-уми июни соли 2011.
XS
SM
MD
LG