Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ва ИА муҳокимаи Тимошенкоро маҳкум карданд


Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо муҳокимаи нахуствазири пешини Украина, Юлия Тимошенкоро дар додгоҳи украин бо иттиҳоми сӯистифода аз қудрат маҳкум карданд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Виктория Нуланд гуфт, нигароние дар миён аст, ки парванда зоҳиран “ангезаҳои сиёсӣ дорад ва ҳадафаш муҷозоти намояндаи мухолифон аст.

“Бо истифода аз ин фурсат, такрор мекунам, ки Иёлоти Муттаҳида аз ин муҳокимаи зоҳиран дорои ангезаҳои сиёсӣ бо ҳадафи муҷозоти чеҳраҳои мухолиф дар Украина нигарон аст. Вақте раҳбари аршади як ҳизби мухолиф ба таври номутаносиб бо чеҳраҳои дигари сиёсӣ ҳадафи таҳқиқ қарор мегирад, ин ҳол зоҳири ангезаи сиёсиро эҷод мекунад.”

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Украина, Ҳосе Мануэл Пинтон Тексейра, ки дар муҳокима ширкат доштааст, шароити баргузории муҳокимаро “ғайрииинсонӣ” унвон кард. Тимошенко, яке аз раҳбарони Инқилоби норанҷии соли 2004 ба суистифода аз мақоми сарвазирӣ ҳангоми имзои созишномаи гази табии Русия дар соли 2009 айбдор мешавад ва муфаттишон мегӯянд, нархи газ хеле баланд таъйин шуда, қарордод бе тасвиб ба имзо расидааст. Тимошенко иттиҳомотро рад мекунад ва онро фишори Янукович дар ростои интихоботҳои нави порлумонӣ ва президентӣ меномад.
XS
SM
MD
LG